расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Русия аз Туркия даъват кард, ки вазъ дар Сурияро бо роҳи мусолиматомез ҳал кунад

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Русия аз Туркия даъват кард, ки вазъ дар Сурияро бо роҳи мусолиматомез ҳал кунад

Маскав амалиёти Туркияро дар хоки Сурия беасос мешуморад ва аз Анқара даъват мекунад, ки масъаларо бо роҳи осоишта ҳал кунад.

Дар ин бора намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Сурия Александр Лаврентиев хабар дод.

"Ин бахусус дар партави нақшаҳои эълонкардаи раисиҷумҳури Туркия дар бораи баргузории амалиёти низомӣ дар шимоли Сурия алайҳи сохторҳои курд муҳим аст. Мо бовар дорем, ки ин як иқдоми ғайриоддӣ хоҳад буд, ки метавонад боиси ноором шудани вазъ ва ташдиди ташаннуҷ шавад", - изҳор дошт Лаврентиев ба РИА "Новости".

Ба гуфтаи намояндаи вижа, Русия қасд дорад аз Туркия даъват кунад, ки масъаларо бо роҳи мусолиматомез ҳал кунад.

"Мо аз ҷониби худ омодаем, ки дар ин замина ҳамаҷониба кумак расонем", - таъкид кард вай.

Лаврентиев ҳамчунин қайд кард, ки дар партави амалиёти эҳтимолӣ, музокирот дар Нур-Султон ба нақша гирифта шудааст, ки масъалаи гурезаҳо баррасӣ шавад.

Ёдовар мешавем, рӯзҳои 15-16 июн дар пойтахти Қазоқистон музокироти сатҳи баланди кишварҳои кафил: Русия, Туркия, Эрон оид ба ҳалли масъалаи Сурия бо иштироки намояндагони ҳукумат ва мухолифини Сурия ва инчунин СММ ҷараён мегирад.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.