расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » "Экотерроризм": толибон дар Вахон оҳуву Марко Поло ғайриқонунӣ шикор мекунанд

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис / Ҷаҳон

"Экотерроризм": толибон дар Вахон оҳуву Марко Поло ғайриқонунӣ шикор мекунанд

Толибон дар Вахони Афғонистон ҳайвоноти нодирро ғайриқонунӣ шикор мекунанд ва "се вақт, оҳуву бузи Марко Поло" мехӯранд.

Боғи миллии Вахон яке аз ҳашт боғи миллии Афғонистон аст, ки дар он анвоъи ҷонварон ва парандагони камёб, аз ҷумла паланги барфӣ ва бузи Марко Поло мавҷуд аст.

Манбаъи Sputnik Тоҷикистон, ки аз бошандагони маҳал аст ва ба далоили амниятӣ номаш зикр намешавад, мегӯяд, пас аз расидани Толибон ба қудрат дар Афғонистон дар вулусволии Вахони ҳаммарз бо Тоҷикистон як кандак (бригада)-и ливо (баталён)-и сарҳадӣ мустақар шуд.

"Аммо, бадбахтона, аз замони истиқрори кандаки Толибон дар Вахон садҳо оҳуро шикор карданд ва ғизои ҷангиёну фармондеҳони Толибон се вақт гӯшти оҳуву Марко Поло аст. Онҳо гӯшти ин навъи ҳайвоноти нодирро на фақат дар кандак масраф мекунанд, балки ҳар фармондеҳ ва саргурӯҳе, ки ба хонааш меравад, ҳар ҳафта ду-се оҳуро шикор карда ва дар бағочи “ренҷер” андохта, ба хонаи худ мебарад", - гуфт манбаъ.

Ба қавли ӯ, фармондеҳи кандак Меҳробуддин ном дошта, бошандаи аслии вулусволии Ҷурм, аз афроди Мавлавӣ Амонуддин, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Толибон аст.

"Фармондеҳи тулай низ аз ҳамин вулоусволӣ буда, Қадим ном дорад ва писаре дорад ба номи Масъуд. Инҳо даст ба чӯру чаповул ва вайронии муҳит зисту шикор беравияи ҳайвонот задаанд. Фармони шикорро ҳам онҳо медиҳанд ва бақия ҷангиёни толиб бидуни фармони онҳо шикор намекунанд”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Боғи миллии Вахон яке аз 8 боғи миллии Афғонистон, ҳар як Банди Амир, Фалоти Бомиён (Бомиён), Кӯли Ҳашматхон (Кобул), Ҷангалҳои Нуристон, Обҳои сокини Ғазнӣ, Ҷангалҳои Дарқад (Тахор) ва Имом Соҳиб (Кундуз) аст, ки соли 2014 аз сӯи ҳукумати Афғонистон чунин мақомро ба даст овард.

Боғи миллии Вахон тамоми вулусволии Вахони ҳаммарз бо Тоҷикистону Чин ва Покистонро дарбар мегирад ва байни кӯҳҳои Помиру Ҳиндукуш ҷойгир аст.

Дар ин ҷо ҳудуди 600 навъи гиёҳу ҷонварони нодир, аз қабили паланги барфӣ, сиёҳгӯш, гург, хирси қаҳваӣ, рӯбоҳи сурх, бузи куҳӣ, гӯсфанди Марко Поло, оҳуи уриал ва ғайра сабти ном шудааст.

Дар вулусволии Вахон ҳудуди 30 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, ки 55% - и онҳо қирғизҳо ва бақия тоҷикони вахӣ мебошанд.

Ба қавли манбаъи Sputnik Тоҷикистон, кандани гиёҳ, шикори ғайриқонунӣ, чарои беравия, истихроҷи маодин ва қатъи дарахтон тибқи қонунгузории ҷории Афғонистон қатъиян манъ аст.

“Аммо Толибон ин қонунро муроот намекунанд ва агар аз ин гуна омоли онҳо ҷилавгирӣ нашавад, дар чанд моҳи дигар ҳеҷ оҳу ё бузу гӯсфанде аз ҷумлаи ҳайвоноти нодир дар кӯҳҳои Боғи миллии Вахон нахоҳад монд”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба гузоришҳо, дар кӯҳҳои вулусволиҳои Ҷурм ва Карону Мунҷон, ки чунин ҳайвоноти нодир зиндагӣ мекунанд, низ шикори оҳу ба гунаи беравия ҷараён дорад, ки Толибон ба мардуми дигар иҷозаи шикорро намедиҳанд, аммо худашон шабонарӯз шикор мекунанд.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.