расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » "Вашингтон пост": "Толибон" ҷангҳои Панҷшерро пинҳон мекунанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

"Вашингтон пост": "Толибон" ҷангҳои Панҷшерро пинҳон мекунанд


Нашрияи амрикоии "Вашингтон пост" гузориш медиҳад, ки бо вуҷуди «ҳузури ҳазорон ҷангҷӯйи Толибон» раҳбарони ин гурӯҳ вуҷуд доштани ҳама гуна даргирӣ дар Панҷшерро рад мекунанд ва талош доранд даргириҳои ин вилоят аз назар пинҳон бимонд.

Аммо ин нашрия бо такя ба сокинони вилояти Панҷшер навиштааст, ки ҳамарӯза ба "Толибон" дар ин вилоят ҳамла сурат мегирад ва даргириҳо идома доранд. 
 
Як хабарнигори ин рӯзнома, ки ахиран ба Панҷшер рафтааст, гузориш медиҳад, ки Толибон дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо гузоришҳо аз ҷанг, бештар бо нашр кардани радияҳо ва дурӯғ  хондани ин гузоришҳо иктифо мекунанд. 
 
Насруллоҳ Маликзода, раиси иттилооту фарҳанги Толибон дар Панҷшер гуфтааст, ки «инҷо ҳама чиз хуб аст ва аслан ҳеч ҷанге вуҷуд надорад».  
Аммо ӯ дар мусоҳиба бо ин рӯзнома эътироф кардааст, ки ҳазорон ҷангҷӯи толибон, аз ҷумла бархе аз қавитарин воҳидҳои ин гурӯҳ ба ин вилоят сафарбар шудаанд. "Вашингтон паост"  ҳам гузориш медиҳад, ки неруҳои онҳоро метавон дар ҳама ҷой дараи Панҷшер дид. Ин рӯзнома навиштааст, раҳбарони Толибон дастрасӣ ба Панҷшерро маҳдуд кардаанд ва иҷоза намедиҳанд, ки иттилооти марбут ба даргириҳои ин вилоят расонаӣ карда шавад. 
 
Як дӯкондори 62-солае бо номи Гулзор ба хабарнигори ин нашрия гуфтааст, ки «ҳеҷ кас намедонад инҷо чӣ иттифоқе меафтад ва ҳеҷ кас иҷоза надорад ба инҷо биёяд». Ӯ тааҷҷуб кардааст, ки «ман ҳатто намедонам чӣ тавр шумо ба инҷо омадаед».
Аммо "Толибон" ҳангоми додани иҷозаи сафар ба хабарнигори "Вашингтон пост" ба Панҷшер, аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки аз «амнияту субот» дар ин минтақа бинависад. 
 
Дар ҳамин ҳол рӯзнома бо нақли қавл аз бошандагон ин вилоят гузориш медиҳад, ки ҳамла кардан ба қароргоҳҳои толибон дар Панҷшер як кори одӣ аст. Ин бошандагон, ки ба шарт фош нашудан ҳувиятшон бо "Вашингтон пост" мусоҳиба кардаанд, гуфтаанд, ки "Толибон" бархе аз ғайринизомиёнро дар боздоштҳои густурда зиндонӣ кардаанд. 
 
Дар ин гузориши нашрия, муқовимат дар Панҷшер ривоятҳои калиди Толибонро бо чолиши ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст. Ривоятҳое, ки Толибон иддао мекунад сулҳро барои мардуми Афғонистон ба армуғон овардаанд ва ҷангҷуёни он қудрати таъмини амниятро доранд. 
 
Толибон баъди ба даст гирифтани қудрат дар Кобул, дар моҳи сентябри соли гузашта иддао карданд, ки Панҷшерро комилан тасарруф карданд, аммо сухангӯёни Ҷабҳаи муқовамати миллӣ мегӯянд, ки онҳо ҳаргиз ин ҷабҳа ҳеч гоҳе таслим нашудааст ва ба муборизаи худ давом медиҳанд. 
 
Як фармондеҳи нируҳои муқовамат, ки раҳбарии 100 нафари мусаллаҳ дар Панҷшерро ба дӯш доштааст, ба ин хабарнигор гуфтааст, ки онон умдатан бо силоҳҳое мусаллаҳ ҳастанд, ки аз тариқи марзҳои бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ирсол мешаванд. Ӯ гуфта, ки муҳиммот аз ҷумла силоҳҳои сангине монанде рокетандоз (грантамёт) бароияшон кофӣ нест. 
 
Ин фармондеҳ, ки ба далоил амниятӣ нахостааст аз ӯ ном бурда шавад, гуфтааст: «мо тавассуте чандин кишвар ҳимоят мешавем, аммо ба ҳимояти бештаре ниёз дорем». 
 
Дар ҳамин ҳол, як нафаре бо номи Тавҳидӣ, яке аз бузургони маҳалли, ки ба далели тарс аз интиқом, танҳо бо номи хонаводагии худ мусоҳиба додааст, гуфтааст, ки ҳамалоти ваҳшёнатар шудаанд, зеро талафот дар ҳар ду тараф афзоиш ёфтааст. Ӯ гуфта, ки шоҳид будааст, ки ҷангҷӯён "Толибон" пас аз талафот дидан дар як ҳамла, даст ба куштор ва маҳкамаи саҳроӣ задаанд. Ӯ афзуда, ки рух додани ин гуна ҳодисаҳоро дар сар то сари Панҷшер шунидааст. 
Фаромарз як тоҷири бозори деҳаи Дара дар Панҷшер, ба хабарнигор гуфтааст, ки чанде пеш "Толибон" ҷасади як танро чанд рӯз ба намоиш гузоштанд.
Ӯ нақл кардааст, ки "ҷангҷӯён толиб «мехостанд ҳама ин ҷасадро бубинанд». Ба гуфта ӯ, ҷангҷӯёни "Толибон" «ба мардон иҷоза надоданд то ҷассди ин фардро барои дафн мунтақил кунанд, ки дар ниҳоят занон маҷбур шуданд ҷассдро ба қабристон бибранд". 
 
Сарфи назар аз ин ки "Толибон" иддао доранд,  ки дар Панҷшер ҷанге вуҷуд надорад, "Вашингтон пост" гузориш медиҳад, ки Додмуҳаммад Бутор, фармондеҳи собиқи қитъаи сурхи Толибон дар Лағмон, акнун яке аз раҳбарони аршади неруҳои вижаи ин гурӯҳ дар Панҷшер аст. 
 
Вале у ба ин нашрия гуфтааст: «Вазъияти инҷо комилан хуб аст. Мо ба гаштзанӣ меравем, аммо ҳеҷ амалиёте анҷом надодаем. Мо асосан инҷо ҳастем то бо парвандаҳои ҷиноӣ сару кор бигирем». 
 
Ба гузориши хабарнигори ин рӯзнома, ҳангомеимусоҳиба бо ин фармондеҳи Толибон, корвони мошинҳои зиреҳи ин гурӯҳро дидааст, ки ҳангом шом дар ҳол дохил шудан ва хориҷ шудан аз қароргоҳи Додмуҳаммад Бутор будаанд.
Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/security/20220610/chin-guftaast-ki-maveashro-dar-borai-afoniston-bo-4-kishvari-osiyoi-markaz-amoang-mekunad

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.