ПАДАРИ АЛИИ БЕДАКӢ: ЗИНДОН ХУБТАР БУД (ВИДЕО)

  • 30.05.2017, 14:08,
  • Ҷомеа
  • Хонанда: 2 389
  • 0
                                                Музаффар Давлатов, падари Алии Бедакӣ

Музаффар Давлатов, падари Алии Бедакӣ, як фармондеҳи собиқи мухолифин, мегӯяд, тайи се соле ки дар зиндон буд, азобаш надодаанд. Ӯ вақте озод шуду зиндагиро дар Ғарм дид, гуфтааст, аз инҷо дида зиндон хубтар аст.

Музаффар Давлатов, падари Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, як фармондеҳи собиқи мухолифин дар водии Рашт, баъди кушта шудани писараш дар соли 2012 бо ҷурми хабар надодан ба мақомот ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Вале алакай дар афве ки соли 2014 ба муносибати солигарди 20-уми тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон қабул шуд, Музаффар Давлатовро аз маҳбас озод карданд.

Музаффар Давлатов, ки ҳоло 81 сол дорад, ҳамчунон бардам ба назар мерасад. Ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигори "Озодӣ” Мирзонабии Холиқзод, ки ба суроғи Музаффар Давлатов ба деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт омад, гуфт, "вақте аз зиндон баромадаму зиндагиро дар Ғарм дидам, гуфтам, ки аз ин дида зиндон хубтар буд.”

Музаффар Давлатов мегӯяд, дар зиндон азоб накашидааст, чунки ҳама ба синни ӯ эҳтиром мегузоштанд. Ӯ мегӯяд, дар зиндон бештар машғули мутолиа буд ва раиси идораи зиндонҳо Изаттулло Шариповро, ки ӯ бо лақаби "Зорро” номаш мегирифт, фақат як бор ва он ҳам дар хобаш дидааст.

Музаффар Давлатов мегӯяд, писараш Аловиддин дар бораи нақшаҳои худ бо ӯ гап намезад ва вай дар бораи ҳамлаи моҳи сентябри соли 2011 дар Камароб аз даҳони мардум хабар ёфтааст.

Аловиддин Давлатов дар соли 2011 ба раҳбарии ҳамлаи мусаллаҳона болои сарбозони артиши давлатӣ дар дараи Камароб айбдор шуд. Ба зидди гурӯҳи ӯву Мулло Абдулло Раҳимов, як фармондеҳи дигари собиқи мухолифин дар водии Рашт амалиёти густардае ба роҳ андохтанд, ки дар ҷараёни ин амалиёт Алии Бедакӣ дар рӯзҳои аввали соли 2012 ва Мулло Абдулло моҳи апрели ҳамон сол кушта шуданд.

Бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ин ошӯб писари дигари Музаффар Давлатов – Ҳусниддин Давлатов, собиқ вакили маҷлиси ноҳияи Рашт низ дастгир ва маҳкум ба зиндон шудааст.

Саробонии фарзандони Алии Бедакӣ ва Ҳуусниддин акнун ба дӯши Музаффар Давлатови 81-сола афтодааст: "Ҷамъи зану кӯдак 22 нафаранд. Шукр, зиндагиамон хуб аст. Мисли пештара бо каттагӣ нест, вале рӯзамон гузашта истодааст. Худованд мегӯяд ки:

Эй банда, ту ғам махӯр, ғамхорат манам,

Дар ин ҷаҳону он ҷаҳон ёрат манам...”


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон