расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Артиши Русия мавсими тобистонаи машқҳоро дар тамрингоҳи Лоҳур ифтитоҳ кард

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис / Ҷаҳон

Артиши Русия мавсими тобистонаи машқҳоро дар тамрингоҳи Лоҳур ифтитоҳ кард

Низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар ҳастанд, ба тамрини амалии омодагии ҷангӣ дар фасли тобистон шурӯъ карданд, гузориш медиҳад давтари матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.

Пеш аз оғози машқҳо фармондеҳи пойгоҳ полковник Евгений Ковалин хизматчиёни ҳарбиро бо оғози давраи нави таълим табрик намуд.

"Вазифаи асосии тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳо баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо дар умури омодагии ҷангӣ мебошад. Ба сарбоз он чизе ки омӯзонида шуд дар ҷанг набояд шиор, балки принсипи кор бошад", - гуфт ӯ.

Машқҳо дар қаторкӯҳҳои Лоҳур оғоз шуданд, ки дар он ҷо низомиён ба ҳамоҳангсозии ҷузъу томҳо бо истифода аз системаҳои муосири алоқа, иктишоф ва артиллерия, ҳавопаймоҳои бесарнишин шурӯъ карданд.

Ҳайатҳои чархболҳои гуруҳи ҳавонавардӣ низ иштирок доранд. Онҳо дар шароити кӯҳистон бо ҳадафи зарбаҳо ба ҳадафҳои душмани шартӣ парвоз мекунанд.

Қайд карда мешавад, ки тамоми супоришҳои ҷангӣ то ҳадди имкон наздик ба шароити ҷангӣ кор карда шудаанд. Дар майдончаҳои таълимӣ техникаи махсуси борбардор ва зиёда аз 500 ҳадаф сохта шуда, тақрибан ҳазор воҳиди мошинҳои низомӣ ҷалб шуданд.

Қариб 50 фоизи машғулиятҳо дар шароити душвори куҳсор шабона мегузаранд.

Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи низомии 201, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, бузургтарин иншооти низомии Русия дар берун аз марзи он кишвар аст. Он дар Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.