расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Баъди ду соли таваққуф. Тоҷикистону Чин парвозҳоро барқарор мекунанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Баъди ду соли таваққуф. Тоҷикистону Чин парвозҳоро барқарор мекунанд

Шурӯъ аз моҳи июн, пас за танаффуси дусола парвозҳои мустақим ба Чин дубора барқарор мешавад. Парвози аввалин рӯзи 23 июн тавассути хатсайри Душанбе-Урумчӣ-Душанбе сурат хоҳад гирифт. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Азиз Набизода, муовини директори Оҷонсии ҳавонавардии мулкии Тоҷикистон хабар дод.
Номбурда гуфт, парвози нахустинро дар ин самт ширкати ҳавопаймоии “China Southern Airlines” анҷом медиҳад.
- Ҳанӯз дар моҳҳои май-июни соли 2020 мо ба мақомоти Чин дар бораи омодагии Тоҷикистон барои аз сар гирифтани парвозҳои ҳавоӣ маълумот ирсол карда будем. Чанд рӯз пеш мо посухи расмӣ гирифтем, ки дар он ҷониби Чин низ омодагии худро барои аз сар гирифтани парвозҳо изҳор дошт, - гуфт Набизода.Ба гуфтаи ӯ, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва ширкати ҳавопаймоии “China Southern Airlines” дар ду ҳафта як парвоз анҷом медиҳанд.
Номбурда афзуд, интизор меравад, дар оянда шумораи парвозҳо зиёд карда шавад
Қобили зикр аст, ки аз моҳи октябри соли 2020 барқарор намудани парвозҳо миёни ду кишвар ба нақша гирифта шуда, аммо пайваста мавқуф гузошта мешуд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки мунтазири посухи ҷониби Чин ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус, Тоҷикистон 10 апрели соли 2020 марзҳояш бо Чинро баста буд.
Read more:https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20220531/badi-du-soli-tavauf-toikistonu-chin-parvozoro-bararor-mekunand

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.