Тифли навзод роҳ меравад

 

Дар Ҳиндустон тифли навзод дарҳол пас аз таваллуд роҳ рафтааст. Дар ин бора расонаҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳанд.

Дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук наворе пайдо шудааст, ки яке аз табибони таваллудхонаи Ҳиндустон кӯдаки навзодро дар даст дорад, ки бо кӯмаки ин табиб қадамҳои нахустини худро мегузорад. Навори мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ мисли вирус пайдо гашта, тамошобинони он аз миллионҳо нафар гузаштааст. 

Танҳо дар муддати чанд рӯз ин наворро 335 ҳазор нафар тамошо кардааст, ки ба он зиёда аз 1100 шарҳ гузошта шудааст. Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ то ҳол дар ҳайрат афтодаанд, ки ин «қудратмандӣ» дар тифл аз куҷо пайдо шудааст. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон