расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Сафири Арабистони Саудӣ ба хонаи Меҳмон Бахтӣ барои ҳамдардӣ рафтааст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Сафири Арабистони Саудӣ ба хонаи Меҳмон Бахтӣ барои ҳамдардӣ рафтааст


Сафири подшоҳии Арабситони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон, имрӯз барои изҳори ҳамдардӣ ба хонаи Меҳмони Бахтӣ, раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки рӯзи 20-уми май дар бемористон даргузашта буд, рафтааст.
Дар як хабарнома, ки Сафорати Арабистони Саудӣ барои расонаҳо фиристодааст, гуфта Сафири Арабистони Саудӣ ба аҳли оила ва наздикону пайвандони Нависандаи халқии Тоҷикистон, марҳум Меҳмон Бахтӣ, ки рӯзи 20 май дар синни 81 аз олам чашм пӯшиданд, изҳори таслият ва ҳамдардӣ намуданд".
Сафири Саудӣ дар хонаи Меҳмон Бахтӣ, дар ҳузури фарзандону пайвандонаш гуфтааст, ки  марҳум рушди адабиёт ва драматургияи муосири тоҷик хидматҳои шоистаро ба анҷом расонида, осори ӯ дар Тоҷикистон маҳбубияти зиёд касб намудааст.
"Барои зиндаёд аз даргоҳи Худованди мутаъол ҷаннати ҷовидон ва ба хешу пайвандон сабру тасаллӣ масъалат дорем",-гуфтааст Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон.
 Сафорати Саудӣ гуфтааст, ки марҳум Меҳмон Бахтӣ ба ҳайси меҳмони шоҳ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд,  подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар маросими ҳаҷҷи 2019 ширкат карда буд.
Меҳмон Бахтӣ, нависанда, шоир ва драматурги шинохтаи тоҷик буд, ки солҳо вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ буд. Эшон аз соли 2003 то 2015 масъулияти раисии Иттифоқи нависандагонро ба дӯш дошт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.