расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Тоқаев ҳамсари Назарбоевро аз комиссияи кор бо занҳо ихроҷ кард

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Тоқаев ҳамсари Назарбоевро аз комиссияи кор бо занҳо ихроҷ кард


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон ҳайати комисияи кор бо занҳо ва сиёсати демографиро иваз кард.
Ба ин тартиб, Соро Назарбоева - ҳамсари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз комисия ихроҷ шудааст.
Ба ҷуз аз Соро Назарбоева аз комисия ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон Элвира Азимова, мудири "Қазпочта" Аида Абибуллоева ва дигар аъзои комисия ихроҷ шудаанд.
Соро Назарбоеваи 81-сола, муассис ва роҳбари Бунёди хайрия барои кӯдакони "Бобек" солҳои охир дар мазҳари ом кам пайдо мешавад. Дар ҷомеаи Қазоқистон овозаҳое ҳаст, ки вай бо шавҳараш солҳост зиндагӣ надорад.
Тоқаев ба ҳайси раиси комиссия муовини роҳбари маъмурияти худ Аида Балаеваро интихоб кард. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.