расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Мухолифони ҷанг ба чеҳраи сафири Русия дар Лаҳистон ранги сурх пошиданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Мухолифони ҷанг ба чеҳраи сафири Русия дар Лаҳистон ранги сурх пошиданд


Гурӯҳе аз мухолифони ҳамлаи низомии Русия ба Украина дар Варшава -- пойтахти Лаҳистон ба сафири Русия ранги сурх пошиданд ва аз ҳузури ӯ дар гӯристони сарбозони Артиши Сурх барои адои эҳтиром ба қурбониёни ҷанг пешгирӣ карданд.
Сергей Андреев, Сафири Русия дар Лаҳистон ҳангоми вуруд ба гӯристони сарбозони Артиши Сурх дар шаҳри Варшава бо эътирози чанд сад нафар аз эътирозгарони ҷанги Украина рӯбарӯ шуд. Ҷамъомадагон дар оғоз гулчанбареро, ки Андреев дар даст дошт аз ӯ гирифта, онро ба замин заданд.
Теъдоди дигаре аз эътирозгарон ба ӯ ранги сурх пошиданд ва билохира яке аз онҳо, ки дар паҳлӯи ӯ истифода буд, миқдоре ранг ба чеҳраи ӯ пошид.
Эътирозгарон ки парчамҳои Украинаро дар даст доштанд, хитоб ба ӯ гуфтанд, "фашистҳо, одамкушҳо". Бархе аз эътирозгарон ҳам либоси сафед ба тан доштанд, ки рӯи он доғ ё лаккаҳои сурх дошт, ки намоде буд аз қурбониёни украинӣ дар ҷанги Русия.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳамларо маҳкум кард ва гуфт, "мо аз ин иқдомҳо наметарсем. Мардуми Аврупо бояд аз дидани чеҳраи худ дар оина битарсанд". Мария Захарова афзуд, "тарафдорони неофашистонҳо бори дигар чеҳраи воқеии худро нишон доданд".
Вазири корҳои хориҷии Лаҳистон ин ҳодисаро "бисёр таассуфовар" хонд ва гуфт, "дипломатҳо аз ҳимояти хос бархӯрдоранд".
Бархе таҳлилгарони рус арзёбӣ кардаанд, ки ин амал эҳтимолан боиси фаро хондани сафири Русия аз Варшава ва ихроҷи сафири Лаҳистон аз Маскав хоҳад шуд.
Лаҳистон яке аз мунтақидони сарсахти ҳамлаи Русия ба Украина мебошад. Ба асари ин ҳамла беш аз 3,2 миллион нафар аз Украина ба Лаҳистон паноҳанда шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.