расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Мақомот: Аз оғози татбиқи қонуни танзим шаҳрвандон миллиард сомонӣ сарфа карданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Иқтисодиёт

Мақомот: Аз оғози татбиқи қонуни танзим шаҳрвандон миллиард сомонӣ сарфа карданд

Дар ин бора ахиран дар як ҷаласае, ки дар Хадамоти гумрук Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Маркази исломшиносӣ кишвар Азизулло Мирзозода, сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук Абдумумин Муродиён ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии хадамот баргузор гардид, зикр шуд.

Дар ин ҷаласа қайд карда шуд, ки аз оғози татбиқи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тибқи ҳисоботи мақомоти ваколатдор аз ҳисоби ба низом омадани маъракаҳо, камхарҷ гузаронидани онҳо, ихтисори якчанд маъракаҳои такрорӣ дар маҷмӯъ беш аз 25 миллиард сомонӣ ба нафъи шаҳрвандон пасандоз гардидааст.

Ҳамзамон сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук Абдумумин Муродиён афзудааст, ки “беш аз понздаҳ соли амалишавии Қонуни танзим дар ҷомеаи Тоҷикистон таҳаввулоти бузурги фикрӣ ба вуҷуд омадааст, ки сабаби решакан гардидани бисёр амалҳои хурофотӣ гардидааст.

“Аммо ҳанӯз ҳам баъзе унсурҳои номатлуб миёни қишрҳои ноогоҳи ҷомеа барҷой мондаанд, ки боиси нигаронист”, - гуфт Ӯ.

Оқои Муродиён зикр кардааст, ки хурофот дар зеҳни мардуме шакл мегирад, ки бобати ин ё он мавзӯъ дониши кофӣ надоранд ва маҳз миёни гурӯҳҳое густариш пайдо мекунад, ки сатҳи донишу маърифаташон паст аст.

Дар ин ҷаласа қайд карда шуд, ҳадафи қонуни танзим ин баланд бурдани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар, пешгирӣ аз хароҷоти беҳуда ва исрофкорӣ, ба низом даровардани маъракаҳои хурсандӣ ва азодории шаҳрвандон аст.

“Бо гузашти 15 сол аз қабул ва татбиқи ин қонуни миллӣ он то андозае ба ҳадафҳои худ расид”, - қайд карда шуд дар ин ҷаласа.

Дар ин ҷаласса таъкид карда шуд, ки тибқи дар ин қонун ба шаҳрвандон дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон оростани хони маънавӣ ва дурӣ ҷустан аз исроф ва зиёдаравӣ дастур дода шудааст, аммо мутаассифона, то ҳоло аз ҷониби як теъдод ҳамватанон ин амали носавоб ба мушоҳида мерасад.

Сарчашма:Sputnik


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.