расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Эълони рӯзи Иди Рамазон ва вақти намоз дар Тоҷикистон

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Дин

Эълони рӯзи Иди Рамазон ва вақти намоз дар Тоҷикистон


Шӯрои уламои Маркзаи исломии Тоҷикистон расман санаи Иди Рамазонро 2 май эълон намуд. Шӯрои уламои Маркзаи исломии Тоҷикистон ҳамчунин вақти намози идро гуфт
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо имзои як қарор, санаи Иди Рамазонро расман 2 май муқаррар кардааст.
Қарори Шӯрои уламо, ки рӯзи 27 апрел қабул шуд. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Рамазон дар кишвар ба рӯзи душанбе 2-юми май рост меояд", - гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Вақти баргузории намози Ид - соати 6:00 муқаррар шудааст.
Манбаъ афзуд, ки имомхатибон вазифадор шуданд, ки барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд.
Ёдрас мешавем, ки тибқи ҳисоби исломӣ, имсол нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки 875 сомонӣ аз он закот дода мешавад.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.
Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ масоҷиди кишвар серодам мешавад. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.
Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм маслиҳат мешавад.
Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.