расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Баҳси стипендияи "Дурахшандагон" дар маҷлиси ҳукумат: Раҳмон супориши қатъӣ дод

АХБОРИ ОҶИЛ / Президент / Ҷомеа

Баҳси стипендияи "Дурахшандагон" дар маҷлиси ҳукумат: Раҳмон супориши қатъӣ дод

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рафти интихоб ва бо ҷои кор таъмин намудани донишҷӯёни тоҷик, ки бо стипендияи "Дурахшандагон" дар хориҷ таҳсил мекунанд, изҳори нигаронӣ кард.

Дар ин росто раисҷумҳур рӯзи 26 апрел зимни баргузории маҷлиси ҳукумат ба вазири маорифи кишвар ва шахсони дахлдор супоиш дод.

Дар маҷлис муовини сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои хориҷӣ дар бораи вазъи таҳсили онҳо, самаранок истифода бурдани стипендияи байналмилалии президент “Дурахшандагон” ва бо ҷойи кор таъмин гаштани онҳо дар давраи солҳои 2018-2022 гузориш дод.

Ӯ таъкид кардааст, ки сафарбар намудан ва таҳсили шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳими ҳукумат аст.

Дар ин зимн як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, дар асоси созишномаҳои ҳамкорӣ дар ҷумҳуриҳои аъзои ИДМ ва кишварҳои хориҷи дур ҳамасола зиёда аз 5 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Масъалаи бо ҷои кор таъмин гардидан мутобиқи низомномаи стипендияи “Дурахшандагон” амалӣ шуда, хатмкардагон дар самтҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва низоми идоракунии ҷумҳурӣ кору фаъолияти босамар доранд.

"Ҳарчанд шумораи зиёди хатмкардагон ба ҷойҳои корӣ ҳозир шудаанд, вале аз рӯйи таҳлилҳо маълум мегардад, ки 31,8 фоиз тибқи тартиби муқарраргардида амал накардаанд", - гуфтааст Сатториён.

Кишвардор дар ин росто ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар ин самт супориш додааст, ки Вазорати маориф оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷ тадбирҳои амалӣ андешад.


Вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки барои бо ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки аз тариқи стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон” муассисаҳои олӣ ва илмии давлатҳои хориҷиро хатм кардаанд, мусоидат намоянд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.