расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Марҳами дарди дил: кардиологи ҷавони тоҷик дар Сибир шуҳратёр шуд

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис / Ҷаҳон

Марҳами дарди дил: кардиологи ҷавони тоҷик дар Сибир шуҳратёр шуд

Табиби дилшинос Насимҷон Намозов, зодаи Тоҷикистон, дар вилояти Тюмен як мутахассиси ҷавони русиягӣ шудааст, менависад "Тюмень Медиа".

Шаҳрванди тоҷик чанде пеш ба Заводоуковск кӯчидааст, вале роҳбарияти беморхонаи вилоятии рақами 12, ки дар он ҷо кор мекунад, дар симои табиб мутахассиси умедбахшро мебинанд ва маъмурияти ноҳияи шаҳр ба ӯ аллакай хонаи хизматӣ ҷудо кардааст.

Насимҷон дар зодгоҳаш Душанбе дар донишгоҳи тиббӣ асосҳои ин касбро омӯхтааст ва мегӯяд, ки аз замони мактабхонӣ орзуи дохил шудан ба донишгоҳи тиббиро дошт.

"Ман мехостам мисли падарам бошам, ӯ дорусоз аст. Дар кӯдакӣ ман бо падарам хеле ифтихор мекардам: ба назди ӯ ба кор медавед ва мебинед, ки ӯ хеле оқил аст, дар тан либоси сафед дорад. Ҳама ӯро эҳтиром мекарданд. Барои оилаи мо ӯ як пешвои воқеӣ аст", - ба ёд меорад ӯ.

Намозов иқрор мешавад, ки беморон дар Русия дар аввал аз дидани табиби ҷавон дар ҳуҷраи дилпизишк ҳайрон мешуданд, вале ҳоло барои табобати бемориҳо ба ӯ бовар мекунанд.

Ба мутахассис лозим омад, ки дар рузҳои душвори пандемия қадамҳои аввалинро дар касб гузорад. Вай бо беморон дар "минтақаи сурх" машварат мекард.

Ҷадвали корӣ ҳоло ҳам банд аст - беморон зиёданд, ковид дар системаи дилу рагҳои одамони беморшуда, мушкилот эҷод мекунад.

Маълум шуд, ки Насимҷон бо маслиҳати бародари калонаш Акбаршо, ки дер боз дар Сибир зиндагй мекунад, ба Русия омадааст. Ӯ ҳам табиб аст, ординатураро дар Ростови лаби Дон хатм кардааст ва ҳоло дар шаҳри Упоровои Тюмен ба ҳайси табиб кор мекунад.

Намозов мегӯяд корашро дӯст медорад, таҷҳизоти нав кумаки калон мерасонад, асосаш ин, ки ӯро дастгирӣ мекунанд ва ба шарофати манзили додашуда барои овардани зани ҷавонаш ҷой дорад. Ҳоло ҳамсараш донишҷӯ аст - дорусози оянда.

"Ин сол барои ман махсусан муҳим аст. Моҳи март ман шиносномаи русиамро гирифтам ва дар моҳи май фарзанди нахустини мо таваллуд мешавад. Воқеан умедворам, ки писарам ҳам мисли ман бо ману падарам фахр мекунад ва шояд, сулолаи тиббии моро давом медиҳад", — хулоса мекунад духтури тоҷик.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.