расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Абдуллоҳ: Ҳамла ба намозгузорон хилофи тамоми усулу арзишҳои диниву инсонӣ аст

Асосӣ / Сиёсат / Ҳаводис

Абдуллоҳ: Ҳамла ба намозгузорон хилофи тамоми усулу арзишҳои диниву инсонӣ аст

Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, ҳамла ба намозгузорон, донишҷӯён, маконҳои мазҳабӣ ва ниҳодҳои омӯзишӣ ҷиноят алайҳи башарият ва бар зидди ҳама усулу арзишҳои динӣ ва инсонӣ аст.

Раҳбари собиқи Шӯрои олии оштии миллӣ ҳамлаи Мазори Шарифро маҳкум карда, афзуд, ки аҳли тасанун ва ташаюъ бахши ҷудоинопазири миллат аст.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи панҷшанбе дар масҷиди Мазори Шарифи Афғонистон ҳангоми адои намоз таркиш рух дод.

Ҳодиса дар як минтақаи серодами шаҳр ба вуқуъ пайваст.

Ба гузориши хабаргузории афғонии "Khaama Press", шумори қурбониёни таркиш ба 30 нафар ва теъдоди захмиён ба 80 нафар расидааст.

Бояд қайд, ки гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"* масъулияти таркиш дар масҷиди шаҳри Мазори Шарифи Афғонистонро бар уҳда гирифт.

Дар ин бора оҷонсии Франс Пресс бо истинод ба изҳороти ин созмон хабар додааст.

"Гурӯҳи "Давлати исломӣ"* масъулияти ҳамла ба масҷиди шиаҳо дар рӯзи панҷшанберо бар уҳда гирифт", - омадааст дар хабар.

Пас табдили ҳукумат дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 дар ин кишвар тақрибан ҳар ҳафта таркишҳову куштор ба қайд гирифта мешаванд.

Ҳамин тавр тирамоҳи соли 2021 дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ дар масҷидҳо беш аз 250 нафар кушта, садҳо нафар маҷруҳ шуданд.
Ахиран дар пайи таркишҳо дар назди мактабе дар Кобул дастикам 25 нафар кушта шуданд.

* - гурӯҳи терррористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон

Сарчашма:Sputnik


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.