расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Вазири толибҳо бо дипломатҳои Осиёи Марказӣ аз CASA-1000 гуфт: намояндаи Тоҷикистон набуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Сиёсат / Ҳаводис

Вазири толибҳо бо дипломатҳои Осиёи Марказӣ аз CASA-1000 гуфт: намояндаи Тоҷикистон набуд

Амирхон Мутаққӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати толибҳо сафирони Ӯзбекистону Қазоқистон ва намояндагони Туркманистону Қирғизистонро ба ҳузур пазируфтааст.

Дар ин бора Sputnik Афғонистон хабар дода, афзуд, ки мавзӯи меҳварии мулоқот ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ будаанд.

"Равобити тиҷорию иқтисодии кишварҳои Осиёи Миёна бо Афғонистон баррасӣ шуда, таъкид гардидаст, ки имкониятҳои нави ҳамкорӣ бояд ба манфиати тамоми минтақа истифода шаванд", - омадааст дар хабар.

Аз масоиле, ки нисбатан муфассал ба онҳо таваҷҷуҳ шудааст, роҳи оҳани фароафғонистонӣ ва хатти интиқоли барқ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ - CASA - 1000 будаанд.

Тоҷикистон гарчанде яке аз иштирокдорони калидии лоиҳаи хатти интиқоли CASA - 1000 мебошад, аз иштироки намояндааш дар баррасии ин тарҳ бо толибҳо хабар дода нашудааст.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ахиран гуфт, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 80%-и корҳо дар сохтмони CASA-1000 анҷом ёфтаанд. Ӯ таъкид намуд, ки қисмати тоҷикистонии ин хатти интиқоли барқ соли 2022-юм омода хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вазири тоҷик, тарҳи CASA-1000 аз нигоҳи маблағгузорӣ, таҷҳизот ва сохтмон феълан дар сатҳе қарор дорад, ки ягон шубҳа дар амалишавияш нест ва чизе наметавонад монеаи он шавад. Ӯ афзуд, уҳдадориҳои кишварҳои иштирокдори ин тарҳ дар созишномаи генералӣ зикр шудаанд.

Бар асоси тарҳи CASA-1000, интизор меравад, аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон ҳудуди ҳазор мегаватт ва ба Афғонистон ҳудуди сесад мегаватт нерӯи барқ содир шавад.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.