расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Песков: Русия қодир аст ба бархӯрдҳои кунунии Ғарб тоб орад

Сиёсат / Ҷомеа / Ҷаҳон

Песков: Русия қодир аст ба бархӯрдҳои кунунии Ғарб тоб орад

Русия метавонад алайҳи бархӯрди феълии Ғарб истодагарӣ кунад. Дар ин бора сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков ба шабакаи "Россия 1" хабар дод.

Аз Песков пурсида шуд, ки оё Русия метавонад алайҳи ҷаҳони Ғарб истодагарӣ кунад ва сухангӯи Кремл посухи мусбат дод.

Ҳоло кишварҳои ғарбӣ дар вокуниш ба амалиёти вижаи Русия дар қаламрави Украина алайҳи ин кишвар таҳримҳои нав ба нав ҷорӣ мекунанд.

Аксари ширкатҳои бузург эълон намудаанд, аз бозори Русия хориҷ мешаванд ва корхонаҳои истеҳсолиро дар ин кишвар мебанданд. Ин кор аллакай сурат гирифтааст ва шумори зиёди корхонаҳо Русия тарк карданд.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ширкатҳое, ки аз ҳамкорӣ бо Русия сарпечӣ мекунанд, ин корро зери фишори шадид анҷом доданд, аммо Русия ҳама мушкилотро бо иқтисоде, ки Ғарб барои он эҷод мекунад, ҳал хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".

Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.

Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.

Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.