расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Коршинос шароити сулҳи пойдор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номбар кард

Асосӣ / Сиёсат / Ҳаводис / Ҷаҳон

Коршинос шароити сулҳи пойдор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номбар кард

Ҳалли манфиатҳои шахсӣ дар сарҳад бо даргириҳо ҳеҷ гоҳ натиҷае нахоҳад дод.

Дар ин бора доктори илми ҳуқуқ, муовини аввали Ҳизби сотсиал-демократ, сиёсатшинос Шокирҷон Ҳакимов изҳор дошт.

Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ёддоштҳо ва қарордодҳои имзошуда гоҳ-гоҳ аз бесамар будани онҳо шаҳодат медиҳанд.

Коршинос бар ин назар аст, ки мушкили марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо бо ширкати сиёсатмадорони воломақом метавонад якбора ҳал шавад.

"Фикр мекунам, ки вақте на дар сатҳи раҳбарони марказҳои маъмурии ду шаҳри наздимарзӣ баки мулоқотҳо дар сатҳи баландтаре баргузор мешаванд, ки аз ҷониби ҳукумат ва порлумони ду кишвар таъсис дода шудаанд, самараноктаранд", - гуфт сиёсатшинос.

Ба гуфтаи Ҳакимов, чунин бархӯрд ба ҳамсӯҳбатон имкон медиҳад, ки ба ҳалли чунин як масъалаи мушкил “самимонатар ва поквиҷдонона” бархӯрд кунанд.

Ёдовар мешавем, ки 12 апрел соати 18:20 дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии ҷамоати деҳоти Зафари Хистеварз дар рӯ ба рӯи деҳаи Ҷан-Ҷери ҷамоати Кулундуи ноҳияи Лайлак тирпаронӣ рух дод.

Сабаби муноқишаи мусаллаҳона ҷанги лафзӣ миёни сардори отряди марзбонии Қирғизистон дар Кулунда ва марзбонони тоҷик будааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса 6 нафар аз ҷониби Қирғизистон ҷароҳат бардошта, се марзбони тоҷик низ захмӣ шудаанд, ки ду нафари онҳо сангин захмӣ шудаанд.

Ҳамзамон ҷониби Тоҷикистон як қурбонӣ низ дар пай доштааст.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.