расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Таъсирии манфии таҳримҳои зиддирусӣ ба кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё

Сиёсат / Иқтисодиёт / Ҷаҳон

Таъсирии манфии таҳримҳои зиддирусӣ ба кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё

Таҳримҳои ғайриқонунии Ғарб алайҳи Русия ва Беларус, ки дар миқёси худ бесобиқа мебошанд ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсир манфӣ расонидааст.

Михаил Евдокимов, мудири департаменти якуми кишварҳои ИДМ Вазорати умури хориҷаи Русия дар мусоҳиба бо РИА “Новости” гуфт, ки кишварҳои “панҷгона" барои рафъи паёмадҳо талош доранд,

“Бешубҳа, маҳдудияти ғайриқонунии якҷонибаи Ғарб дар моҳҳои охир алайҳи Русия ва Беларус, ки дар доираи худ бесобиқа мебошанд, ба далели амиқи ҳамкории иқтисодӣ дар доираи бозори ягона наметавонист ба кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таъсир нарасонад”, - гуфт дипломати рус.

Вай гуфт, таваҷҷуҳи асосии кишварҳои “панҷгона” ба чораҳои рафъи оқибатҳои манфии таҳримҳои Ғарб, таъмини бозори Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо колоҳои зарурӣ, ҳам саноат ва ҳам кишоварзӣ нигаронида шудааст.

“Дар ин замина таъсири бештар дар ин раванд метавонад сиёсати воридотивазкунда дорад", - таъкид кард Евдокимов.

Кишварҳои ғарбӣ ба далели вазъи Украина таҳримҳои зиёде ҷорӣ кардаанд. Шуморе аз ширкатҳо эълон карданд, ки аз бозори Русия хуруҷ мешаванд ва корхонаҳои истеҳсолии худ дар ин кишварро мебанданд.

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ҳамзамон гуфта буд, ки ширкатҳои ғарбӣ, ки аз ҳамкорӣ бо Русия сарпечӣ мекунанд, чун зери фишори шадид корор доданд, аммо Русия таммоми мушкилотро, ки Ғарб барои иқтисод эҷод мекунад, ҳал хоҳад кард.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.