расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Куштори ғайринизомиён дар Украина. Олмон ва Фаронса 75 дипломати Русияро ихроҷ карданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷаҳон

Куштори ғайринизомиён дар Украина. Олмон ва Фаронса 75 дипломати Русияро ихроҷ карданд


Дар пайи ифшо шудани куштори дастаҷамъии ғайринизомиён дар шаҳри Бучаи Украина аз сӯи низомиёни Русия, Вазорати корҳои хориҷии Олмон эълон кард, 40 дипломати русро аз ин кишвар берун мекунад. Вазорати корҳои хориҷии Фаронса низ рӯзи душанбеи 4-уми апрел гуфт, "шумораи зиёде аз дипломатҳои рус"-ро ихроҷ мекунад. Литва ҳам сафири Русия дар ин кишварро берун кардааст.
Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", шумораи дипломатҳои берункардаи Русия аз Фаронса 35 нафар мебошанд ва ҳанӯз номи ин дипломатҳо нашр нашудааст. Вазорати корҳои хориҷии Фаронса мегӯяд, фаъолияти ин афрод "алайҳи манофеи амниятӣ"-и Фаронса аст ва беруни кардани онҳо бахше аз чораҳои муштараки Аврупо мебошад.
Шабакаи BMF аз қавли Ҷен Дриан, вазири корҳои хориҷии ин кишвар гузориш дод, ки куштори шаҳри Буча хашми ҷомеаи ҷаҳониро барангехт ва Фаронса омодаи берун кардани дипломатҳои Русия аст.
Анналена Шарлотта Алма Бербок, вазири корҳои хориҷии Олмон низ рӯзи душанбе эълон кард, ки аксҳои нашршуда аз шаҳри Буча дар Украина далели "ваҳшигарии ғайри қобили бовари раҳбарони Русия ва дунболаравҳои таблиғотии Кремл" аст.
Ӯ афзуд, ҳукумати Олмон афзуд, ки шумори зиёде аз дипломтаҳои Русияро, ки ҳар рӯз алайҳи озодӣ ва якпорчагии ҷомеаи Олмон дар талош ҳастанд, ҳамчун "унсури номатлуб" муаррифӣ кард ва берун менамояд.
Ҳудуди 104 шаҳрванди Русия ҳамчуни "дипломат" дар Олмон сабт шудаанд. Ин ба он маънӣ аст, ки 40 дарсади ин дипломатҳо рӯзи душанбеи ихроҷ шуданд.
Литва ҳам рӯзи душанбе эълон кард, ки сафири Русияро ихроҷ мекунад. Габриэлюс Ландсбергис, вазири корҳои хориҷии Литва ҳамчунин гуфт, ки ҳукумати ӯ консулгарии Русия дар шаҳри бандарии Клайпедеро низ хоҳад баст ва сафири худро аз Маскав фаро мехонад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Литва ин тасмимро ба огоҳии шарикони худ дар Иттиҳоди Аврупо ва НАТО расонида ва хостааст, ки онҳо ҳам чунин кунанд. Вазири корҳои хориҷии Литва дар идома ба ҳимояти кишвараш аз Украини таъкид кард ва хостори анҷоми таҳқиқот дар бораи эҳтимоли иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ аз сӯи артиши Русия дар Украина шуд.
Рӯзи якшанбе аксҳое нашр шуд, ки ғайринизомиёни кушташуда дар минтақаҳои зери тасарруфи Русия дар атрофи Киевро нишон медод. Дастҳои ин кушташудаҳо аз пушт баста шуда буд. Мақомҳои украинӣ мегӯянд, ҷасади 410 ғайринизомиро дар минтақаҳое, ки қаблан тавассути русҳо ишғол шуда буданд, пайдо кардаанд.
Анналена Шарлотта Алма Бербок, вазири корҳои хориҷи Олмон ҳамзамон мегӯяд, Олмон ҳамроҳ бо шарикони худ таҳримҳо алайҳи Русияро бештар карда, пуштибонии низомиаш аз Украинаро афзоиш медиҳад. Ӯ ҳамчунин аз тақвияти НАТО дар кишварҳои Аврупо шарқии узви ин паймо хабар дод.
Қаблан бархе кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Булғористон, Латвия, Литва, Эстония, Лаҳистон, Ирландия ва Ҳолланд даҳҳо дипломати Русияро бинобар "фаъолиятҳои ҷосусӣ ва таблиғоти Кремл" дар пайи ҳамлаи Путин ба Украина, берун карда буданд.
Русия низ дар вокуниш ба кишварҳои аврупоӣ таҳдид кард, ки берун кардани дипломтаҳояшро бепосух нахоҳад гузошт.
Иттиҳоди Аврупо ва Амрико ҳамроҳ бо дигар шарикони худ монанди Ҷопон ва Австралия таҳримҳои сангин алайҳи Русия ҷорӣ кардаанд.
Аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина дар 24-уми феврали соли ҷорӣ, садҳо ғайринизомӣ дар ин кишвар кушта шуда ва беш аз чаҳор миллион украинӣ низ бар хориҷ фирор кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.