расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » АГЕНТӢ: РАИСИ “ ТОҶИКМАТЛУБОТ”-И КӮЛОБ 27 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТААСТ

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

АГЕНТӢ: РАИСИ “ ТОҶИКМАТЛУБОТ”-И КӮЛОБ 27 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва дар пайи тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурда шудани парвандаи Раҳимова Меҳринисо, раиси Раёсати ҷамъияти «Тоҷикматлубот»-и шаҳри Кӯлоб хабар дод.
Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия рӯзи 28 март я дар шарҳи ин парванда гуфт, ки Раҳимова Меҳринисо Убайдуллоевна дар вазифаи раиси Раёсати ҷамъияти «Матлубот»-и шаҳри Кӯлоб кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задааст.
 “Чунончӣ, шаҳрванд “А”  ҷиҳати ба охирон вобаста намудани нуқтаи савдо ба Раҳимова М.У. муроҷиат намуд. Номбурда аз ин ҳолат истифода намуда, вобаста ба мавқеи ишғол намудааш барои иҷро кардани амали мазкур аз охирон дар ду ҳолат маблағи 27 000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 10 000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда 17 000 сомониашро талаб намуд.  Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ –тафтишотӣ Раҳимова М.У. ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 17000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Агентӣ.
Меҳринисо Раҳимова бар асоси қисми сеюми моддаи 279 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба гирифтани ришваи тиҷоратӣ аз ҷониби раҳбари идораи тиҷоратӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ айбдор мешавад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҷарима ба андозаи аз 800 то 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда=64 сомонӣ) ваё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлатӣ 3 сол ё маҳрум кардан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат таҳдид мекунад.
“Тоҷикматлубот” як ниҳоди тиҷоратиест, ки дар замони Шӯравӣ силсилаи хеле бузурги мағозаҳои фурӯши маҳсулоти асосан хӯрокворӣ ва ҳамчунин  тақрибан ҳамаи бозорҳои мавҷуда дар саросари ҷумҳуриро идора мекард. Баъди фурӯпошии СССР бисёре аз мағозаҳо ва ҳатто бозорҳои бузурги марбут ба “Тоҷикматлубот” хусусӣ гардонда шуданд, вале  ин идора то ҳол дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон даҳҳо бозору садҳо мағозаро дар ихтиёр дорад.
Моддаи 279. Ришвадиҳии тиҷоратӣ
3) Аз ҷониби шахсе, ки вазифаи идоракуниро дар корхонаи тиҷоратӣ ё дигар корхона анҷом медиҳад, ғайриқонунӣ гирифтани пул, коғазҳои қиматнок ё дигар молу мулк, ҳамчунин аз ҷониби ӯ ғайриқонунӣ вобаста ба мақоми ишғол намудаи хизматӣ истифода бурдани хизматрасонии дорои хусусияти молу мулкӣ барои амали анҷомдода (беамалӣ) ба манфиати ришвадиҳанда (ҚҶТ аз 18.06.2008 № 386),
бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то ду сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 6.10.2008 № 422).

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.