расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ХОНА БЕ ТУ МИСЛИ ЗИНДОН... ПИСАРИ БАҲРОМ ҒАФУРӢ ТАРОНАИ НОТАМОМИ ПАДАРАШРО ИҶРО КАРД (ВИДЕО)

Асосӣ / Ҷомеа

ХОНА БЕ ТУ МИСЛИ ЗИНДОН... ПИСАРИ БАҲРОМ ҒАФУРӢ ТАРОНАИ НОТАМОМИ ПАДАРАШРО ИҶРО КАРД (ВИДЕО)


05/09/2020

Хона холист, хонаи мо,
Хонаи қашангу зебо.
Хона холист, ҳама сарсон,
Хона бе ту мисли зиндон...

Ин охирин таронаи овозхони ҷавонмарг Баҳром Ғафурӣ аст, ки рӯзҳои охирини қабл аз маргаш дар студия сабт мекард, вале бадбахтона, теғи аҷал имконаш надод, ки онро ба анҷом расонад.

Як моҳ баъди даргузашти Баҳром Ғафурӣ, писараш – Анӯшервон (Анӯш) Ғафурӣ ин таронаи нотамоми падарашро иҷро кардааст. Порае аз ин тарона рӯзи 4 сентябр дар Интернет нашр шуд ва қарор аст, рӯзҳои наздик сабти пуррааш пешкаши тамошобинон гардад.

Пораи таронаи "Хона холист”-ро дар байни ҳамагӣ чанд соат танҳо дар як канали Ютуб беш аз 40 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Овозхони шинохтаи тоҷик Баҳром Ғафурӣ субҳи 7 август дар натиҷаи як садама дар маркази Душанбе дар синни 44 ба ҳалокат расид. 

Ронандаи мошин – Ислом Анварзодаи 29-сола, муовини додситони ноҳияи Фирдавсӣ ва писари раиси корхонаи нассоҷии Душанбе Анвар Қурбонзона – ва як мусофири дигари ӯ – сокини 34-солаи ноҳияи Темурмалик Баҳодур Забиров – дар ҳолати вазнин ба бемористони Қарияи боло бурда шуданд. Табибон дасти чапи Ислом Анварзодаро, ки сахт осеб дида буд, буриданд.

Мақомот баъдан гуфтанд, ки ба зидди Ислом Анварзода парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд ва ӯро аз мақом барканор кардаанд.

Аз Баҳром Ғафурӣ 4 фарзанд ва 10 албоми таронаҳо ба ёдгор монд. "Ай муҳоҷирбача”, "Ту аз манӣ”, "Умри ман мераваду номи накӯ мемонад”, "Аҷаб замона” аз таронаҳои машҳури ин овозхони шодравон ба шумор мераванд. "Муҳоҷирбача”, ки Баҳром Ғафурӣ бар пояи матну оҳанги Фахриддини Холбек иҷро карда буд, дар тӯли чандин сол гимни ғайрирасмии муҳоҷирони тоҷик дониста мешуд.



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.