Вазъи ҳавои кишвар барои 17.12.2016

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

17-уми декабр дар вилояти Бадахшон ҳавои абрнок шуда, борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 то 9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 14 то 19 дараҷа ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар баландии 1200 метр боридани барф пешгӯйӣ гардидааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония ва шиддатнокӣ дар баъзе ҷойҳо аз 15 то 20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо 05 дараҷа гарм ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок ва боридани борон дар назар аст. Дар баландиҳои 1000 метр боридани барф пешгӯйӣ гардидааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония ва шиддатконӣ дар баъзе ноҳияҳо аз 15 то 20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 3 то 8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар баландии 1000 метр боридани барф пешгӯйӣ гардидааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония ва шиддатнокии шамол дар баъзе ноҳияҳо аз 15 то 20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 то 9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гармӣ пешгӯйӣ гардидааст. Дар шаҳри Душанбе бошад, ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 02 дараҷа гарм ва рӯзона аз 10 то 12 дараҷа гарм мешавад. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон