расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Дар Ғарб ба тарафдории эътирофи ҳукумати толибҳо садо баланд шуд

. / Сиёсат

Дар Ғарб ба тарафдории эътирофи ҳукумати толибҳо садо баланд шуд

Фармондеҳи пешини НАТО дар Афғонистон ҷонибдори эътирофи ҳукумати толибҳо аст

Лорд Дэвид Ричардс, ки соли 2006 ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон фармондеҳӣ мекард, мехоҳад, ки Ғарб ҳарчӣ зудтар ҳукумати толибҳоро эътироф кунад.

Ба қавли Ричардс, Ғарб бояд шикасти худро эътироф кунад ва барои ҷилавгирӣ аз буҳрони гуманитарӣ толибонро дастгирӣ намояд.

Дар ин бора фармондеҳи собиқи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон дар суҳбат бо BBC нақл кард.

«Дар ниҳоят Ғарб ҳукумати толибонро эътироф хоҳад кард, аз ин рӯ беҳтар аст, ки барвақттар ин кор анҷом дода шавад: на танҳо пас аз пирӯзӣ, балки пас аз шикаст низ саховатмандӣ зоҳир кардан лозим аст», — гуфтааст Ричардс.

Қаблан Ричардс гуфта буд, ки ИМА ва Бритониё тобистон барои боздоштани толибон ҳеҷ коре накарданд, аз ин рӯ ба сари қудрат омадани онҳо ногузир аст.

Акнун ин як кори анҷомшуда аст ва толибон масъули зиндагии 40 миллион афғон ҳастанд.

Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибҳо

Авоили моҳи август толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг хотима ёфт.

Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.

Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.

Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо сардории Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи хукмронии якуми толибҳо вазири корҳои хориҷӣ буд, эълон шуд.

Қобили зикр аст, ки аз 33 намояндаи нави ҳукумати Афғонистон 17 нафари онҳо барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои байналмилалии СММ қарор доранд.

Ҳамакнун наздики шаш моҳ мешавад, ки толибҳо қудратро дар даст дорад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре давлати онро ба расмият нашинохтааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бархе аз кишваҳои қудратманд шартҳои эътирофи толибҳоро, ташкили ҳукумати ҳамашумул ва риояи ҳуқуқи занон гуфтанд, ки то кунун аз ҷониби ҳукумати ҷадиди Афғонистон иҷро нашудааст.


Сарчашам:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.