расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ПИРӮЗИИ АНИСИ “ШИКОРЧӢ” ВА ШАРИФИ “БОСМАЧӢ” ДАР ЧЕМПИОНАТИ МУШТҶАНГ БО ДАСТОНИ ЛУЧ (ВИДЕО)

Ҷомеа / Варзиш

ПИРӮЗИИ АНИСИ “ШИКОРЧӢ” ВА ШАРИФИ “БОСМАЧӢ” ДАР ЧЕМПИОНАТИ МУШТҶАНГ БО ДАСТОНИ ЛУЧ (ВИДЕО)

Шаби 5 феврал дар мусобиқоти Top Dog FC оид ба муштҷанги бедастпӯшак дар шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия, варзишгари 24-солаи тоҷик Анис Чилаев, маъруф бо лақаби “Охотник” (“Шикорчӣ”) рақибаш аз Русия Искандар Зиёевро дар вазни 64 кило шикаст дод ва унвони қаҳрамониро ба даст овард. Ҳамин тавр, боз як варзишгари тоҷик Шариф Шарипов, маъруф бо лақаби “Босмачӣ”, ки 23 сол дорад,  дар чемпионати Top Dog FC 12 дар вазни 60 кило бар рақибаш аз Русия Матвей Тикиджиев ғолиб омад.
Анис Чилаев ба ин тартиб, аввалин тоҷик аст, ки унвони чемпиониро дар варзиши муштҷанги бедастпӯшак ба даст овард. Ӯ дар ҷараёни рақобат бо вуҷуди онки ҳанӯз дар аввали  бозӣ ду холашро хат заданд ва сипас болои қошаш дариду хуншор шуд, ба қувваозмоӣ идома дод ва бо бартарӣ бо як имтиёз баранда ва чемпиони нав эълон шуд. Искандар Зиёев, ки тавре аз муаррифиаш бармеояд, то рақобат бо ин бачаи тоҷик беш аз 500 пирӯзӣ дар ҷайб доштааст, аз шикасташ он чунон ба хашм омад, ки дастбандашро бурида, дар болои майдон партофт ва қасам хӯрд, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба майдон намебарояд.
Аммо Анис Чилаев дар Қазон дар шарҳи пирӯзиаш гуфт: “Шикорчӣ намезанад. Шикорчӣ мепаронад!” (“Охотник не бьёт. Охотник стреляет!)
Анис Чилаев 18 августи соли 1997 дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, дар Русия ба воя расидааст. Ӯ аз синни хурдӣ таҳти сарпарастии падараш Улфатшо Чилаев ва устоди варзиши СССР Юрий Кирилин ба машқи бокс шурӯъ карда, алакай дар синни 18 меъёри устоди варзиши Русияро дар риштаи бокс иҷро кард.  Ӯ дар чандин мусобиқаи байналмилалӣ пирӯзӣ ба даст овардааст.
Наздиконаш мегӯянд, ки Анис аз доварони бевиҷдону беадолат ҷабри зиёд кашидааст, вале падараш Улфатшо Шамсович ҳамеша бо  ин байт насиҳаташ мекард ки:
Аз ноумедиҳо басе умед аст,
Поёни шаби сиёҳ сафед аст.
Бо онки Анис дар Русия ба воя расидааст ва Тоҷикистонро тақрибан надидааст, вале дар муҳити хонавода ӯро дар рӯҳияи миллӣ ва тоҷикпарастӣ тарбия кардаанд. Як ибораи ӯ вирди забони мухлисон аст, ки гуфта буд: “Ман дар оина фақат тоҷикро мебинам!”

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.