расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Навор ҳангомӣ зуровари: Алайҳи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Бо се модда

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Навор ҳангомӣ зуровари: Алайҳи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Бо се модда


Додситонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон алайи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии ин вилоят бар асоси се модда парвандаи ҷиноӣ боз кард. 
Дар ин бора додситони вилоят Парвиз Орифзода дар як гузориши телевизиони "Бадахшон" хабар дод.
Додситони ВМКБ мегӯяд, парванда бар асоси муроҷиати сардори Раёсати маорифи ВМКБ Лутфулло Наврӯзов боз шуд.
Лутфулло Наврӯзов 31-уми январ дар як гузориши ТВ "Бадахшон" иддао кард, ки Маҳмадбоқир ба макони зисти ӯ, воқеъ қабати чоруми бинои Раёсати маорифи ВМКБ  дар ҳолати мастӣ омада, ӯро лату кӯб ва дашному таҳқир кардааст ва гуфтааст, ки ҳудуди шаҳри Хоруғро тарк кунад. 
Аммо Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, шоми 31-уми январ дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ин иддаои Наврӯзовро рад кард ва гуфт, "ба Худо дурӯғ мегӯяд".
Додситони наворҳои камераҳои назоратиро нашр кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.