расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ ПОРАГИРИИ КОРМАНДИ БДА ДАР ДУШАНБЕ. РАҚАМИ МОШИНАШ 99 91 СА 01

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

ВИДЕОИ ЛАҲЗАИ ПОРАГИРИИ КОРМАНДИ БДА ДАР ДУШАНБЕ. РАҚАМИ МОШИНАШ 99 91 СА 01


Яке аз хонандагони пойгоҳи хабарии “Бомдод” лаҳзаи порагирии як корманди БДА дар пойтахти Тоҷикистонро сабти видеоӣ кардааст.
Ӯ бо ирсоли ин видео ба идораи “Бомдод” хабар дод, ки ин ҳодиса шоми 20 январи соли ҷорӣ, соати 18:30  дар эстакадаи касаба ё микрорайони 82 рӯй дода, корманди ГАИ дар инҷо бо мошини тамғаи “Тойота Королла”, рақами қайди давлатиаш 99 91 СА 01 ба “шикор”, … э узр, ба назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳ машғул буд.
Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна як ронанда ба мошини корманди ГАИ наздик шуда, дари пеши онро мекушояд ва хам шуда, “ҳаққ”-и кормандро дар дохили мошин гузошта, боз худро берун мекашад ва дарро пӯшида, ба пеши мошини худаш бармегардад.
Дар посух ба суоли мо, ки чанд пул гирифт?, муаллифи навор гуфт: Рости гап, агар 5 сомонӣ диҳӣ ба ГАИҳои Душанбе, мегӯянд, чӣ, ман туда гадоюм? Як чии дигар қӯш кун қатиш! ГАИҳои мо дар пойтахт каттазананд.  Хулоса,  аз 10 сомонӣ кам гап намезананд…”
Мақомоти вазорати корҳои дохиларо дар ҷумлаи ниҳодҳои фасодзадаи Тоҷикистон ном мебаранд. Як мояи бадномии ин ниҳод ҳамин кормандони БДА аст, ки бисёраш дар роҳҳо рӯирост аз ронандагон пора талаб мекунанд ва ришваю коррупсия барояшон як амри маъмул ва ҳатто метавон гуфт, тарз ё равиши зиндагӣ шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.