Қазоқистон боз ҳам пешсаф шуд

 

Қазоқистон соли равон низ аз нигоҳи ҳаҷми кӯмакпулиҳое, ки бахшида ба Рӯзи ғалаба ба собиқадорони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дода шуд, миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми аввалро касб кард.
Дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон ба ҳар як собиқадор 1570 долларӣ кӯмак карда шуд.

Собиқадорони ҶБВ дар Тоҷикистон 340 доллар, дар Ӯзбекистон 256 доллар, дар Қирғизистон 220 доллар, дар Туркманистон 26 доллар ва дар Русия 171 доллар дарёфт карданд.

Қазоқистон соли 2016 низ ба собиқадорони ҶДҶ назар ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бештар — 450 долларӣ кӯмак карда буд. Соли гузашта низ аз ҳама камтар — 57 долларӣ собиқадорони Туркманистон кӯмак дарёфт карда буданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон