расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МУАЛЛИФИ ОҲАНГИ ГИМНИ ӮЗБЕКИСТОН ТОҶИКИ БУХОРО АЗ СУЛОЛАИ СОМОНИЁН БУД

Ҷомеа / Ҷаҳон

МУАЛЛИФИ ОҲАНГИ ГИМНИ ӮЗБЕКИСТОН ТОҶИКИ БУХОРО АЗ СУЛОЛАИ СОМОНИЁН БУД

Равшан Темуриён
Бознашр аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук
Вориси Сомониён муаллифи суруди миллии Ӯзбекистон
Суруди миллии Ӯзбекистони шӯравӣ дар соли 1947 тавассути оҳангсози тоҷиктабор Мутаваккил (Мутал) Бурҳонов эҷод шудааст. Матни онро ҳамон вақт шоирони ӯзбек Тӯроб Тӯла ва Темур Фаттоҳ навиштаанд. Соли 1956 ба матни суруди миллӣ тағйирот ворид шуд: Номи Столин ҳазф шуд. Ниҳоят 10 декабри соли 1992 суруди миллии ҷумҳурии Ӯзбекистон муаллифи он оҳангсози маҳбуби Ӯзбекистон Мутаваккил Бурҳонов бар матни нави суруди миллии Ӯзбекистон бо қалами шоири машҳури ӯзбек Абдуллоҳ Орипов аз ҷониби парламони ҷумҳурӣ ба тасвиб расид.
Мутаваккил Бурҳонов дар ёддоштҳояш таҳти унвони «Фитна санъати» (2-китоб, «Фан» нашриёти, Тошкент, 1993) чунин менигорад:
«Ман соли 1916 дар Бухоро дар хонаводаи фавқуллодае мутаваллид шудам. Модарам охирин намояндаи силсилаи сулолаи Сомониён ба шумор мерафтанд. Падарам Музаййин-махдум мударриси мадраса буданд. Ишон донишманд, озодандеш, муборизи зидди ҷаҳолат ва таассуб ва хайрхоҳи ҳаракати ҷадидон ба шумор мерафтанд. Ин буд, ки падарам мавриди таъқиби амир гашта, ба таври фоҷиавӣ ҷони худро аз даст дод.
Мо панҷ фарзанди хонадон будем: Моҳида ва Фотима хоҳарбузургони ман ва ду бародарбузурги банда Минҳоҷиддин ва Мисбоҳиддин. Ҳамаи онҳо ашхоси таҳсилдида ва соҳиби маърифат буданд. Масалан, Мисбоҳиддин Бурҳонов дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард, ҳамон замонҳо ба ҳайси муҳаррири рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” кору фаъолият дошт. Соли 1934 ӯро ба зиндон андохтанд. Соли 1943 дар лагери маҳбусон ин дунёро падруд гуфт. Хоҳарбургам Моҳида ба овозаву иттиҳомҳои “хоҳари душмани халқ” тоб наоварда, даст ба худкушӣ зад. Хоҳарбурги дигарам Фотима соли 1969 вафот карданд. Маҳз, арӯсии хоҳарам ба Абдурауф Фитрат буд, бо ишон шинос шудам, ки он қиссаи дигарест.
Мо ҳамчунин се амак доштем. Амаки калониам Мазҳар-махсум, Мукаммил-махсум ва Муаммир-махсум. Ҳар се амакам шахсони таҳсилдида, тараққипарвар ва қабл аз инқилоби Бухоро аз зумраи ташкилкунандагони ҳаракати ҷадидон маҳсуб мешуданд. Дар китобҳои Садриддин Айнӣ ва Файзулло Хоҷааев аз онҳо ёдоварӣ шуда, ба фаъолияташон баҳо дода шудааст. Амакҳоямро низ “душманони халқ” эълон намуда, эъдом карданд.
Аслан Мазҳар амакам боис шуданд, ки камина ба мусиқӣ рӯ оварам.»
Мутаваккил Бурҳонов соли 1932 донишкадаи илмиву пажуҳишии мусиқӣ ва хореографии Самарқанд, соли 1949 консерваторияи Маскавро хатм кард. Солҳои 1932-1933 дар теотри дромовии Тошканд ба номи Ҳамза ба ҳайси тамбӯрнавоз фаъолият доштааст. Солҳои 1950-1951 раҳбарии бадеъии радиои Тошкандро бар дӯш дошт. Дар солҳои 1955-1960 дар вазифаи раиси садорати Иттиҳодияи оҳангсозони Ӯзбекистон фаъолият намудааст. Муаллифи нахустин осори бисёрсадоии хор дар Ӯзбекистон ба шумор меравад. Ба филму намоишномаҳо мусиқӣ эҷод намудааст. Муаллифи операи «Алишер Навоӣ», 1986, асари симфонии «Ибни Сино», 1957, достони румонс таҳти унвони «Номи ӯро намедонам» (ғазалиёти Ҳофиз), 1979 ва даҳҳо асари мусиқӣ.
М. Бурҳонов ду карат барандаи ҷоизаи давлатии Ӯзбекистон ба номи Ҳамза, 1959 ва 1970, Ходими шоистаи санъати Ӯзбекистон, 1964, Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон, 1976. Президент И. Каримов оҳангсози маҳбуби кишварашро нахуст бо ҷоизаи олии давлати Ӯзбекистон нишони «Барои хидматҳои бузург», 1998 ва баъдан бо нишони волои давлатӣ «Мӯҳтарами мардум ва Ватан», 2001 сарфароз намуд.
Мутаваккил Бурҳонов 15 июни соли 2002 вафот кард. Ӯро дар зодгоҳаш Бухоро дафн карданд.
Дар аксҳо: Мутаваккил Бурҳонов дар ҷавонӣ ва арҷгузории горди миллии Ӯзбекистон дар рӯзи ёдбуди оҳангсози бузург Мутаваккил Бурҳонов. Дар санги мазор омадааст: Оҳангсози бузург Мутал (Мутаваккил) Бурҳонов 5 майи 1916 – 15 июни 2002.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.