расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Масҷид ё дискоклуб: Рақси толибон дар ибодатгоҳи Панҷшер

Сиёсат / Ҷаҳон

Масҷид ё дискоклуб: Рақси толибон дар ибодатгоҳи Панҷшер

Рақсе, ки толибон анҷом доданд, рақси «Аттан» ном дорад ва онро мардуми пашту иҷро мекунанд

 Толибон дар яке аз масҷидҳои Панҷшер, ягона минтақаи Афғонистон, ки то ҳол ҳукумати муваққати онҳоро қабул накардааст, рақс намуданд.

Рақси як гурӯҳи толибон дар масҷиди Панҷшерро Telegram — канали Sputnik Афғонистон нашр кардааст.

Дар зери ин навор навишта шудааст, ки «Толибон дар масҷидҳо чӣ кор мекунанд?».

Манбаъ афзудааст, ки ин кор дар Панҷшер сурат гирифтааст, аммо дақиқан маълум нест, ки ин чӣ шеваи рақс бошад.

Як гурӯҳ дар ин навор гирд шуда, давро — давр мерақсанд. Манбаъ афзудааст, ки рақси толибон ба рақси суфиёна монанд аст, вале толибон ҳеҷ рабте ба суфиҳо надоранд.

Аммо ин рақси суфиёна набуда, балки рақси сирф мардуми пашту бо номи «Аттан» мебошад.

Толибон тобистони соли гузашта бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд. Амалиёти онҳо пас аз хориҷ шудани нерӯҳои амрикоӣ қавӣ шуд ва пас аз он ки назорати амнияти ин кишварро ба даст гирифтанд, Ашраф Ғанӣ тарки Кобул кард.

Бо вуҷуди чанд моҳи сари қудрат будани толибон, ҳеҷ давлат то ҳол ҳукумати онҳоро ба расмият қабул накардааст.

Ашраф Ғанӣ президенти фирорӣ чанд қабл гирифтори сактаи мағзӣ шуд ва фелан таҳти назорати табибон қарор дорад.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.