расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Мақомдорони баландпояи тоҷикро дар идораи андоз интизоранд: сабаб

. / Сиёсат

Мақомдорони баландпояи тоҷикро дар идораи андоз интизоранд: сабаб

Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон бояд сари вақт шаҳодатномаи даромад пешниҳод кунанд — маъракаи гирифтани эъломияи андоз оғоз шуд

Кумитаи андози Тоҷикистон маъракаи қабули эъломияи андоз барои соли 2021-ро оғоз кардааст.

Мувофики қоида ҳамаи хизматчиёни давлатӣ бояд то аввали моҳи апрел дар бораи даромади шахсии худ ҳисобот диҳанд.

Ҳамаи шаҳрвандон ҳамчунин ҳангоми ворид шудан ба хизмати давлатӣ бояд дар идораи андоз сабти ном шаванд.

Маълум аст, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар ҳудуди 20 ҳазор мансабдор фаъолият дорад. Ҳамаи онҳо ҳар сол ба мақомоти андоз на танҳо дар бораи даромад, балки аз рӯи манбаъҳои асосй ҳам ҳисобот медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки ҳамин гуна қонун дар бораи пешниҳоди эъломияи даромад 17 сол пеш қабул шуда буд. Аз моҳи июли соли 2020 ҳукумат шакли нави эъломияи даромад ва молу мулки хизматчиёни давлатиро тасдиқ кард.

Ҳоло дар он даромад аз фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва педагогӣ, инчунин даромад аз амволи ба иҷора гирифташуда ва замин, қитъаи замини шахсӣ, инчунин даромад аз пасандозҳои бонкӣ ва коғазҳои қиматнок нишон дода мешавад.

Бояд гуфт, ки дар кишвар барномаи вижа барои содда кардани пешниҳоди ҳуҷҷатҳо роҳандозӣ шудааст.

Ҳисоби шахсии андозсупоранда дар торномаи расмии мақомоти андоз ҷойгир карда шудааст, ки тавассути он шумо метавонед ҳуҷҷатро дар шакли электронӣ пешниҳод кунед.

Мақомоти андоз хотиррасон карданд, ки нодурустии маълумоти пешниҳодшуда ё пешниҳод накардани эъломияи даромад ба мақомоти андоз метавонад сабаби аз хидмат озод шудан ё рад кардани қабули

Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.