расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДАРГУЗАШТИ АКАИ НЕЪМАТ, НАВОРБАРДОРИ ТАРОНАҲОИ ШОҲКОРИ КАРОМАТУЛЛОҲИ ҚУРБОН (ВИДЕО)

Ҷомеа / Ҳаводис

ДАРГУЗАШТИ АКАИ НЕЪМАТ, НАВОРБАРДОРИ ТАРОНАҲОИ ШОҲКОРИ КАРОМАТУЛЛОҲИ ҚУРБОН (ВИДЕО)

Исматулло Холов, овозхони гуруҳи дар гузашта овозадори “Суғдиён” рӯзи 26 январ аз даргузашти Неъматулло Халилов, наворбардори собиқи ин гуруҳ хабар дод.  Исматулло Холов навишт, аксари таронаҳои шоҳкори “Суғдиён” дар солҳои 80 маҳз бо дасти Неъматулло Халилов (акаи Неъмат) наворбардорӣ ва дар бойгонии телевизионҳои вақти СССР ҳифз шуда буд.
Исматулло Холов менависад: «Ягона нафаре буданд, ки дар замони Шӯравӣ (СССР) сабтҳои видеоии VHS; SVHS; ва дар лентаи васеъи сабти видеои (Sytem BIC Vengery) барои шабакаҳои марказии ОRT & RTR-и марказ (Москва) солҳои 1980-1991 “доступ” яъне, иҷоза доштанд, ин ҳам бошад Неъматулло Халилов буданд. Манзурам сабти видеоҳои ансамбли созию овозии “Суғдиён” (1980-1986), аз ҷумлаи сурудҳои ” Сабзак лабӣ ҷӯй” “Ман агар мастам” “Шаҳ муборак”, “Бикашам ба ноз рӯзе”, “Варзоб ба дара”, “Баҳорам”, “Бибисанамҷон”, “Суғдиён”, “Зебосанам”, “Арӯси хушдили мо”, “Дилро бубин”, “Хазон мерезад” ва даҳҳои дигарро ин марди бузург ба бинандагон сабти видеоӣ намуда, пешкаши ҳаводорон намудаанд. Неъматҷон (Худованд раҳматаш кунад) ягона тарғибгари (видеои) санъати волои Кароматулло Қурбонов ва ансамбли созию овозии “Суғдиён” & “Гулшан” буданд”.
Ӯ даргузашти Неъматулло Халиловро як талафоти сангин барои санъати эстрадаи тоҷик номида, менависад: “Чаро сол аз сол он хабари фавти нафаронеро мешунавам, ки бо ҳам дар рушду нумуъи санъати эстрадаи тоҷик саъю кӯшишҳоро ба харҷ додаанд? Ду соле пеш марги нобаҳангоми сухансарои ансамбли “Суғдиён” ва “Гулшан” шоири шаҳир Ҳабибулло Нозирӣ ва инак акаи Неъматулло Халилов. Ин аст расми зиндагӣ, омаду изи пои худро гузоштану рафтани мардони Худо. Худованд ғариқи раҳмат шоистаи ҷаннат кунад, акаи Неъматуллоро, омин!”
Кароматуллоҳи Қурбон, яке аз ситораҳои тобони эстрадаи тоҷики нимаи дуюми асри 20, моҳи октябри соли 1992, дар рӯзҳое, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ авҷ гирифта буд, дар ноҳияи Ёвон аз  дасти ҷангҷӯёни Восит ном фармондеҳи қаттоли Фронти халқӣ кушта шуд. Кароматуллоҳ он вақт ҳамагӣ 30 сол дошт. Агар умр вафояш мекард, ду моҳ пеш: 29 ноябри соли 2021 Кароматуллоҳи Қурбон ба синни 60 мерасид.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.