расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Президент боздошти рӯзноманигор дар Қирғизистон баъди танқиди Тошиевро шарҳ дод

. / Сиёсат

Президент боздошти рӯзноманигор дар Қирғизистон баъди танқиди Тошиевро шарҳ дод

Раисҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, вазъи марбут ба боздошти рӯзноманигор дар ин кишварро таҳти назорат дорад, то тафтишот мунсифона сурат гирад

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон, парванда алайҳи рӯзноманигор Болот Темиров ва дигар ҳамкоронашро шарҳ дод.

Ҷабборов бо нашри як изҳорот дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ҳар гуна фаъолияти касбӣ бояд дар доираи қонун сурат гираду ҳеч баҳонае барои фишор набошад. Ӯ таъкид намудаст, ки тафтишот бояд мунсифона бо назардошти тамоми ҳолатҳои кор бошад.

«Дар зимн аз рӯзноманигорон мехоҳам, аз ҳар гуна туҳматҳои оммавӣ худдорӣ намоянд. Пеш аз гуфтани чизе бояд дақиқ карду масъулияти онро дарк намуд. Қамчибек Тошиев дар нишасти матбуотӣ фаҳмонд, ки тамоми иттиҳомот алайҳи ӯ беасосанд», — навишт президент.

Маврид ба зикр аст, ки рӯзноманигори боздоштшуда дар яке аз матлабҳои охираш дар мавриди фасодкорӣ дар таъминоти маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла номи Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонро зикр намуда буд. Тошиев фасодкорияш рад мекунад.

Президенти Қирғизистон гуфт, айни ҳол фаъолияти ҳамаи корхонаҳои давлатӣ чун пештара махфӣ нест ва фаъолият шаффоф сурат мегирад.

Ҷабборов инчунин пешниҳоди раиси КДАМ-ро дар мавриди ташкили комиссия аз ҳисоби чанд рӯзноманигори мухолифро ҷонибдорӣ намудаст, то барояшон тамоми шароит фароҳам шаваду асли қазияро назорат намоянд. Вай афзуд, ки қонун бояд барои ҳама — барои рӯзноманигорон, мансабдорон ва шаҳрвандони қаторӣ якхела амал намояд.

Рӯзноманигор Болот Темиров ва чанде аз ҳамкоронашро 22 январ боздошт намуданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе ин боздоштро ба зикри номи Қамчибек Тошиев дар яке аз матлабҳои охири рӯзноманигор дар мавриди фасодкорӣ дар бозори нафт рабт доданд.

Ба иттилои мақомоти умури дохилии шаҳри Бишкек, алайҳи Темиров иттиҳоми омода намудани маводи мухаддир бе ҳадафи фурӯши он эълон шудааст. Дар ҳамин ҳол дар Бишкек ва Ош алайҳи боздошти рӯзноманигор ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор шуданд. Мақомот рӯзноманигорро аз боздоштгоҳ бо гирифтани забонхат дар мавриди берун нарафтан аз макони иқомат озод намуданд.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.