расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МУСОЛИҲАИ ҶАВОНИ ТОҶИК БО ДУХТУРИ РУСЕ, КИ ӮРО БАРОИ МУОИНАИ ЗАНАШ ЗАДА БУД

Ҷомеа / Муҳоҷир

МУСОЛИҲАИ ҶАВОНИ ТОҶИК БО ДУХТУРИ РУСЕ, КИ ӮРО БАРОИ МУОИНАИ ЗАНАШ ЗАДА БУД

Додгоҳи шаҳри Нижневартовски Русия рӯзи 20 январ  парвандаи пурсарусадои зидди ҷавони 30-солаи зодаи Тоҷикистон, чоҳкани ширкати «Роснефть» Баҳриддин Азимовро, ки ба латтукӯби табиби пӯст Владимир Жирноклеев айбдор мешуд, баст. Хадамоти матбуоти додгоҳ гуфт, парванда ба далели мусолиҳаи тарафҳо баста шуд.
Худи духтури ҷабрдида ҳам аз додгоҳ хост, ки парвандаро бубанданд. Жирноклеев гуфт, Азимов аз кори кардааш изҳори пушаймонӣ карда, ба ӯ ҷуброн ҳам пардохт кард ва бо ҳамин ҷанҷол тамом шуд. Дар бораи ин ки Азимовҳо барои бастани парванда ба тарафи ҷабрдида чӣ қадар товон пардохт кардаанд?, чизе гуфта намешавад.
“Ман чизе барои ҷашн гирифтан надорам”, — гуфтааст Баҳриддин Азимов дар шарҳи қарори додгоҳ Дар ин бора шабакаи телевизиони маҳаллии “Мегаполис” аз толори додгоҳ хабар дод. Азимов гуфт, “аз рӯзи аввал эҳсоси пушаймонӣ мекунам. Тамоми узри лозим оварда шуд.”
Жирноклеев қаблан мегуфт, дар натиҷаи ҳамлаи Азимов осеби косахона ва мағзи сар бардошта, майнааш ҳам ҷунбидааст.
Ба Баҳриддин Азимов  бар асоси қисми якуми моддаи 213, банди “а” Кодекси ҷиноятии Русия ба авбошӣ  бо истифода аз зӯроварӣ ҷарима ба маблағи аз 300 ҳазор то 500 ҳазор, ё корҳои ҳатмӣ ба муҳлати то 480 соат ваё корҳои ислоҳӣ ё ҳукми зиндон ба муҳлати то 5 сол таҳдид мекард. Вале дар ниҳоят ҳама чиз бо мусолиҳаи тарафҳо ва қатъи парванда тамом шуд. Баҳриддин Азимов дар давраи тафтишот таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт.
Бино ба гузоришҳо, рӯзи 21 сентябр, тахминан соати 15, ба назди духтури пӯсти клиникаи хусусии “А-мед” Владимир Жерноклеев як зани 30-солаи ҳиҷобпӯш бо номи Нилуфар даромадааст. Ӯ бояд аз муоинаи духтур мегузашт. Зан аввал нахостааст, ки ӯро духтури мард бубинад. Табиб ба вай маслиҳат додааст, ки ба роҳбарияти клиника муроҷиат кунад, то барояш табиби зан пайдо кунанд. Дар ниҳоят зан ба муоина розӣ шудааст ва Жерноклеев  шиками ӯро муоина карда, ҷавобаш додааст. Бино ба фарзияи тафтишот, баъди чанд лаҳза ба ҳуҷраи кори духтур Баҳриддин, шавҳари он зан даромада, Жерноклеевро латтукӯб кардааст.
Духтури латтукӯбшуда мегӯяд, дар таҷрибаи кориаш занони зиёд, аз ҷумла занҳои мусалмонро муоина кардааст, вале бори аввал дучори чунин ҳолат шуд. Жерноклеев ҳоло ҳам муҷозоти Баҳриддин Азимов ва ҳам ҳамчун ҷабрдида товони молиявӣ талаб дорад.
Баҳриддин Азимов дар ҷараёни бозпурсӣ гуфт, духтурро барои ба ҳамсари ӯ гапи ноҷо партофтанаш задааст ва барои ин узр пурсиданӣ нест.  “Ман омода нестам, ки узр бипурсам, чун духтур ҳангоми муоина ба ҳамсари ман гап партофт ва инро зеҳни ман қабул карда наметавонад”, — мегӯяд Баҳриддин дар бозпурсӣ. Ӯ ҳамчунин гуфт, “духтур бояд кори худашро анҷом диҳад, вале пурсидан, ки “барои чӣ ту ин халтаро ба сар кашидаӣ?, берун аз салоҳияти духтур аст.” Манзур аз “халта” инҷо ҳиҷоб аст.
Жирноклеев эътироф кард, ки пӯсти бадани Нилуфарро тавсиф кардааст, вале ба ҳиҷоби ин зан эрод гирифтанашро рад мекунад.
Хешовандони Баҳриддин, ки низ дар Русия зиндагӣ мекунанд, аз вай пуштибонӣ карданд ва гуфтанд, ки ҳар мард дар ҷои Баҳриддин чунин рафтор мекард.
Баҳриддин Азимов аз Исфараи Тоҷикистон буда, нахустин шуда, амаки ӯ ҳанӯз соли 1985 ба Нижневартовск кӯчида, дар чоҳи нафт кор мекард. Падару модари Баҳриддин солҳои 90 ба Русия кӯчида, аввал дар шаҳраки Радужное зиндагию кор мекарданд ва сипас ба Нижневартовск омаданд. Баҳриддин 8 сол пеш дар Радужное шаҳрвандии Русияро ба даст овард ва баъди хатми Донишгоҳи саноатии Тюмен дар як чоҳи нафти ширкати “Роснефт” ба ҳайси чоҳкан (бурильщик) кор мекард. Нилуфар низ шаҳрванди Русия буда, дар ҳаминҷо коллеҷро хатм кардааст. Нилуфару Баҳриддин 8 сол қабл издивоҷ карданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.