расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Аз ҳалли масъалаи қарздорӣ то бунёди “Роғун”: Раҳмон ба бахши энегетика чӣ дастур дод?

. / Сиёсат

Аз ҳалли масъалаи қарздорӣ то бунёди “Роғун”: Раҳмон ба бахши энегетика чӣ дастур дод?

Президенти Тоҷикистон бахши энержии кишварро вазифадор кард, ки масъалаи қарздорияшонро ҳал ва барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ чораандешӣ намоянд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи ҳукумат натиҷаи кори бахши энержии кишварро баррасӣ карда, вазифаҳои он барои ояндаро мушаххаст намуд.

Раисиҷумҳур ба Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби , Хайрулло Сафарзода, директори генералии НБО «Роғун» ва сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика Ғолиб Убайдуллозода вобаста ба вусъати корҳои сохтмонӣ ва навсозӣ дар иншооти энергитикии мамлакат, пешгирӣ аз талафоти техникӣ дастуроти мушаххас додааст.

Ҳамзамон ин афрод дар умури тиҷоратии неруи барқ, бартараф намудани қарздорӣ вобаста ба таъминоти неруи барқ дар ташкилоту идораҳои соҳа ва вусъати корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун», истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда барои сохтмон ва навсозии иншооти энергетикӣ ва иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар онҳо аз раисиҷумҳур дастур гирифтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки корҳо дар самти истифодаи самараноку сарфакоронаи нерӯи барқ, кам кардани талафоти техникиву тиҷоратии он, таъмин намудани самаранокии фаъолияти корхонаҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони соҳа аст.

Дар самти таъмин намудани истиқлолияти комили энергетикӣ ба кор андохтани иқтидорҳои НБО «Роғун» ва бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқ, аз ҷумла бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергияро раисиҷумҳур муҳим арзёбӣ кард.

Ӯ гуфт, вазифаи муҳимтарини ҳамаи мо дар панҷсолаи оянда равона кардани тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳо ба хотири вусъат додани бунёди НБО «Роғун» ва соҳоти муҳимтарин аст.

Ба гузориши Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ҳоло дар соҳаи энергетикаи кишвар лоиҳаҳо ба маблағи 16,6 млрд сомонӣ дар марҳилаи татбиқ қарор дорад.

Ӯ гуфт, дар соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар мамлакат нисбат ба соли 2020 — 853 млн. кВт. соат ё 4,3 фоиз зиёд гардид.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.