расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Дастури Ҷабборов ба Тошиев: Дипломҳои кормандони давлатиро тафтиш кун!

. / Ҷаҳон

Дастури Ҷабборов ба Тошиев: Дипломҳои кормандони давлатиро тафтиш кун!

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ варақаҳои шахсӣ ва ҳуҷҷатҳои таълимии ҳамаи кормандониро тафтиш мекунанд

Президент Содир Ҷабборов ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дастур дод, ки дар байни хидматчиёни давлатии ҳамаи сатҳҳо барои мавҷудияти дипломҳои қалбакии ва шаҳрвандии кишварҳои хориҷӣ санҷиши васеъ гузаронад, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин идора.

«Солҳои охир ҳолатҳои бо истифода аз дипломи қалбакӣ ба хидмати давлатӣ ворид шудани афрод бештар ба мушоҳида мерасад. Чунин далелҳо аксари вақт мавзуи баҳсҳои фаъол дар ҷомеа гардида, рӯи хидмати давлатӣ соя меафкананд», — омадааст дар хабар.

Ин санҷиш 24 январ оғоз шуда, се моҳ идома хоҳад кард.

Кормандони варақаҳои шахсӣ ва ҳуҷҷатҳои таълимии ҳамаи кормандони давлатиро тафтиш мекунанд.

«Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз тамоми ходимони давлат ва вакилони дорои дипломи қалбакӣ даъват мекунад, ки мустақилона мансабҳои худро холӣ кунанд», — гуфта мешавад дар хабар.


Саряашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.