расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Раиси ВМКБ: 66%-и буҷети вилоят дар соли дар соли 2021 мусоидати молии ҳукумат аст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Иқтисодиёт

Раиси ВМКБ: 66%-и буҷети вилоят дар соли дар соли 2021 мусоидати молии ҳукумат аст


Дар соли 2021 ҳаҷми буҷети давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 328 млн сомонӣ (29 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар дод раиси вилоят Алишер Мирзонабот дар ҷаласаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимият.
Ӯ зикр кард, ки 218 млн сомонӣ ё худ 66% аз ин маблағро кумакпулии ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил дода, 112 млн сомонӣ ё худ 34%-аш маблағҳои худии минтақа мебошанд.
“Бо вуҷуди мушкилиҳои сиёсиву иқтисодӣ, ВМКБ зери таваҷҷуҳи доимии ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад”, - изҳор дошт роҳбари минтақа, ки иқтибосҳое аз гуфтаҳои ӯ имрӯз, 19 январ дар гузориши шабакаи телевизионии маҳаллии “Бадахшон” садо доданд.

Ин чӣ дастгириест?

Кумакпулӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ҳамасола ба буҷетҳои маҳаллии ҳамаи минтақаҳои кишвар, ба ҷуз вилояти Суғди худкифо ҷудо карда мешаванд.
Ин маблағҳо танҳо ба фонди музди меҳнати буҷетҳои маҳаллӣ равона мегарданд, яъне барои пардохти музди меҳнати кормандоне, ки хидматрасониҳои давлатиро дар минтақаҳо иҷро мекунанд.
Ба ин тариқ, солли 2021 барои буҷети вилояти Хатлон зиёда аз 613,3 млн сомонӣ кумакпулӣ пешбинӣ гардида буд, ки қариб се баробар зиёдтар аз ҳаҷми дастгирии буҷети ВМКБ мебошад.
Ҳаҷми умумии кумакпулӣ ба шаҳру навоҳии тобеи марказ дар соли гузашта 328,8 млн сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки 52% бештар нисбат ба буҷети ВМКБ аст.
Ҳаҷми умумии кумакпулӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ дар соли ҷорӣ зиёда аз 1 млрд 142 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла 53,7%-и ин маблағҳо ба буҷети вилояти Хатлон, 27,6% - ба буҷети Ноҳияҳои тобеи марказ ва 18,7% - ба буҷети ВМКБ ҷудо карда мешаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.