расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ДАРГУЗАШТИ ОДИЛ ДАВЛАТОВ, ТАБИБЕ, КИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУСРО ТАБОБАТ МЕКАРД

Ҷомеа / Ҳаводис

ДАРГУЗАШТИ ОДИЛ ДАВЛАТОВ, ТАБИБЕ, КИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУСРО ТАБОБАТ МЕКАРД

Одил Давлатов, табиби эҳёгари Шифохонаи марказии шаҳри Панҷакент, шаби 15 ба 16 январ, соати 21 дар ҷои кораш аз олам чашм пӯшид. Одил Давлатов ҳамагӣ 54 сол дошт ва ба гуфтаи манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод”,  шаби гузашта  навбатдор будааст.
 Раъно Абдуллоева, сартабиби шифохонаи марказии шаҳри Панҷакент ба хабаргузории русии “Sputnik Тоҷикистон” гуфт, Давлатов рӯзи 15 январ навбатдор буд, вале бегоҳӣ дучори дарди сар шуда, бо ҳамин ҷон ба Ҳақ таслим кардааст. Ба гуфтаи Раъно Абдуллоева соли гузашта Одил Давлатов як дафъа сактаи хурди мағзӣ – микроинсултро аз сар гузаронда буд.
“Ба вазъи саломатии худ нигоҳ накарда, бо хоҳиши худ ба шуъбаи сироятшиносӣ, барои муолиҷаи беморони коронавирус ба кор гузашта буданд. Дирӯз дар шуъбаи эҳё дар ҷойи кор бандагӣ кардаанд”, – гуфтааст  сартабиб. Раъно Абдуллоева марҳумро аз табибони масъулиятшиноси шаҳри Панҷакент ном бурд ва гуфт, табобати аксар беморони вазнини шуъбаи эҳёро маҳз ӯ ба уҳда мегирифт.
Раъно Абдуллоева ба ин далел даргузашти Одил Давлатовро як талафоти ҷуброннопазир барои соҳаи тибби шаҳри Панҷакент хондааст.
“Ҳамеша кори худро бо шавқ ба иҷро мерасонд. Ҳама беморон аз кори ӯ қаноат буданд. Худаш ҳам табиби хоксор буд, ҳеҷ гоҳ дили касеро озор намедод. Кӯшиш мекард кори неку савобро иҷро намояд”, – ёд овард Абдуллоева.
Одил Давлатов соли 1968 дар деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Баъд аз хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли 1993 фаъолияти меҳнатиашро дар шуъбаи эҳёи Шифохонаи марказии шаҳри Панҷакент шурӯъ намуд ва то дами марг дар ин ҷо кор мекард. Соли 2021 ба унвони “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” шарафёб гардида буд.
Қарор аст, бо расидани писараш аз муҳоҷират бегоҳи 16 январ ҷанозаи Одил Давлатов дар қабристони ҷамоати Рӯдакӣ ба хок супурда шавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.