расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Маълум шуд, тоҷикистониён дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд

Асосӣ / Ҷомеа

Маълум шуд, тоҷикистониён дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд


Дар моҳи март сокинони Тоҷикистон ба шарофати идҳое, ки ба ин моҳ — Рӯзи Модар ва Наврӯз рост меоянд, беш аз 10 рӯз истироҳат хоҳанд кард.

Шаҳрвандони Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба ҷашнҳо ва рӯзҳои истироҳатии муқаррарӣ дар моҳи марти соли ҷорӣ 13 рӯз истироҳат мекунанд.

Дар ин бора як манбаъ аз Федератсияи иттифоқи касабаи кишвар иттилоъ дод.

«Қарори дахлдори гузаронидани рӯзҳои истироҳат ба дигар рӯзҳои корӣ дар соли 2022-ро ҳукумат содир кардааст, ки мувофиқи он, бо назардошти Рӯзи модарон ва Ҷашни Наврӯз аҳолии Тоҷикистон дар моҳи март 13 рӯз истироҳат хоҳанд кард», — афзуд манбаъ.


Бар пояи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи шанбеи панҷуми март рӯзи корӣ буда, шанбе, 19 март низ рӯзи корист, аммо ҷумъаи 25 март истироҳатӣ эълон шудааст.

Ба ин тартиб тоҷикистониён дар моҳи март рӯзҳои 6, 7, 8 (Рӯзи модарон) ва 15, 16- ум (рӯзҳои истироҳатии муқаррарӣ) истироҳат хоҳанд кард.

Ҳамзамон дар арафаи Иди Наврӯз аз 19 то 25-уми март (29, 30 ба таври муқаррарӣ) рӯзҳои истироҳатӣ хоҳанд буд.

Гуфта мешавад, рӯзҳои истироҳативу корӣ ба он хотир ҷобаҷоӣ шуданд, ки сокинон истироҳати давомдор дошта бошанд ва ҳамзамон ҷашнҳоро хуб гузаронанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонун дар бораи рӯзҳои ид, дар соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҷашни мухталиф, аз ҷумла ҷашнҳои байналмилалӣ, касбӣ, давлатӣ ва динӣ баргузор мешавад.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.