расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ДАР ҚАЗОҚИСТОН ҲАЙКАЛИ НАЗАРБОЕВРО КАНДАНД, ТОҚАЕВ АЗ ОДКБ КУМАКИ ҲАРБӢ ХОСТ (ВИДЕО)

Сиёсат / Ҷаҳон

ДАР ҚАЗОҚИСТОН ҲАЙКАЛИ НАЗАРБОЕВРО КАНДАНД, ТОҚАЕВ АЗ ОДКБ КУМАКИ ҲАРБӢ ХОСТ (ВИДЕО)

Никол Пашинян, сарвазири Арманистон ва раиси давраии Шӯрои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки ин созмон дархости президенти Қазоқистон дар мавриди ба ин кишвар фиристодани нирӯҳои ҳомии сулҳро пазируфт. Пашинян гуфт, ин нирӯҳо “бо назардошти таҳдид ба амнияти миллӣ ва истиқлоли Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷумла бо дахолат аз берун ба муддати маҳдуд бо мақсаби таъмини субот ва оддӣ сохтани вазъ дар ин кишвар ворид карда мешаванд.”
Шоми 5 январ президенти расмии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар пайи ба дасти худ гирифтани роҳбарии Шӯрои амният, ки то кунун дар дасти президенти қаблӣ Нурсултон Назарбоев буд, дар саросари кишвар вазъи фавқулодда ҷорӣ кард ва ҳаводиси ахирро кори дасти “террористҳо” номида, аз ОДКБ кумаки ҳарбӣ хост. Ӯ гуфт:  “Бо назардошти ин ки ин дастаҳои террористӣ амалан дастаҳои байналмилалӣ буда, дар хориҷ ба таври ҷиддӣ тайёрӣ дидаанд, ҳамлаи онҳо ба Қазоқистонро метавон ва бояд ҳамчун амали таҷовуз баррасӣ кард. Аз ин рӯ, ман имрӯз ба сарони давлатҳои узви ОДКБ муроҷиат кардам, ки ба Қазоқистон барои рафъи ин таҳдиди террористӣ кумак расонанд.”
Бино ба хабарҳо, Русия алакай барои ирсоли нирӯҳояш ба Қазоқистон изҳори омодагӣ кардааст. Тоҷикистон низ узви ОДКБ аст, вале ҳанӯз маълум нест, ки оё Душанбе ҳам ба Қазоқистон нирӯи ҳарбӣ мефиристад ё на?
Эътирозҳо дар Қазоқистон рӯзи 2 январ дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистау дар ғарби ин кишвар дар пайи ду маротиба – то 120 танга боло бурдани нархи гази моеъ, ки аксари сокинон ба ҷои бензин дар мошинҳояшон аз ҳамин газ истифода мебурданд, оғоз ёфт. Базудӣ эътирозҳо аксари шаҳрҳои бузурги Қазоқистонро фаро гирифт. Мақомот бошитоб нархи газро то 50 танга пойин оварданд ва субҳи 5 январ тамоми ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо фиристода шуд, вале эътирозҳо дигар фурӯкаш накард.
Эътирозгарон дар майдонҳо шиор мезананд ки: «Шал, кет!» («Мӯсафед, бирав!»). Манзури онҳо президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аст, ки бо вуҷуди баа 81 расидани синну солаш ва тарки мақоми президентӣ,  ҳамчунон аз паси парда умури роҳбарии кишварро дар дастони худ нигоҳ доштааст ва президенти кунунӣ Тоқаевро амалан ба як лӯхтаки бидуни ҳеҷ салоҳият табдил додааст.
Рӯзи 5 январ эътирозгарон дар Алма –Ато биноҳои шаҳрдорӣ, қароргоҳи президент ва як фурудгоҳро бо 5 ҳавопаймо ишғол карда, дар шаҳри Талдӣ-Қӯрғон, маркази маъмурии вилояти Алма-Ато ҳайкали Назарбоевро бо арғамчин канданд.
Бисёрии шореҳон рӯйдодҳои ахири Қазоқистонро поёни шармсоронаи боз як диктатори шарманда номида, мегӯянд, мутаассифона, диктаторҳои дигар аз сарнавишти ҳамтоёни худ, аз ҷумла аз сарнавишти Назарбоев сабақе ба худ намегиранд.
Лозим ба ёдоварист, аз рӯзи оғози эътирозҳо Назарбоев аз худ ягон бор дарак надодааст, ки куҷост ва фикраш дар бораи ин ҳама ҳаводисе, ки мегузарад, чист?


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • MRankerJal | Гости

    High Quality Niche Backlinks at very Low Price. Service starts from only $5 on Fiverr. Backlink Quality Information: Domain Authority (DA-MOZ): 90+ Domain Rating (DR-Ahrefs): 90+ Domain Score (DS-SEMrush): 70+ 500 Backlinks 500 Unique Referring Domains 480 Unique Referring IP Buy Now on Fiverr: https://fvrr.co/3cW5VCe #1 Freelancing site, 100% Safe and Secure your Payment.

  • Xcasin-XSlors | Гости

    Casino X - is an online casino with a actually international coverage. A well-thought-out and undemanding to use, the website is available for 14 different languages, including intact trait of European languages, and also Arabic. In addition to In addition, players can write deposits and pull funds myself in and out of casinos in various world currencies. This gives players from only the world the opportunity enjoy gambling in the impressive gaming lobbies that it has to offer casinox. This is if you are not in restricted countries such as that is Great Britain, USA, Ukraine, Germany, Turkey, Spain, Italy and France. Players who are benefit start an account for this casino website will be able to choose three welcome gifts, including free spins, double points and additional cashback bonuses. And that's not to mention that, what separate recent player can increase his balance rates from using through a series of five bonus on for a deposit, when if they are registered. exactly the perfect casino, not so without cause it? Well, not really. Because because lately era there have been somewhat of problems with unsatisfied customers. Moreover, the casino has a restrictive withdrawal schedule, how much means how much players can photograph finance from their accounts only on three days of the week.

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.