расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ғанӣ: Агар дар Кобул мемондам ҳич тағйире ба вуҷуд намеомад

. / Сиёсат

Ғанӣ: Агар дар Кобул мемондам ҳич тағйире ба вуҷуд намеомад

Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури фирории Афғонистон дар гуфтугӯ бо Би Би Си мегӯяд, ки агар ӯ дар Кобул мемонд, ҳич тағйире ба вуҷуд намеомад

Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амниятӣ ба Ашраф Ғанӣ гуфтааст, ки қитаи вижаи муҳофизати аз расҷумҳур аз ҳам пошида ва агар муқовимат шавад тамоми онҳо кушта мешаванд.

Ашраф Ғанӣ, охирин раисҷумҳури Афғонистон пеш аз суқути Кобул ба дасти толибон гуфтааст, танҳо дақоиқи пас аз он тасмим ба тарки кишвар гирифт, ки муҳофизонаш гуфтанд, дигар имкони ҳифозат аз ӯ ё пойтахтро надоранд, зеро толибон ба тааҳҳуди худ дар худдорӣ аз вуруд ба Кобул амал накарданд.

Ҷангҷӯёни толибон бо эъломи хуруҷи фаврӣ ва комили нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, бидуни муқовимати зиёди нерӯҳои ҳукуматӣ бо суръат ба сӯи Кобул ҳаракат карданд.

Нахустин изҳороти оммавии оқои Ғанӣ дар мавриди тарки Кобул дар гуфтугӯ бо генерал Ник Картер, раиси ситоди муштараки артиши Бритониё аз родиои Би-би-сӣ пахш шуд.

Ашраф Ғанӣ, пас аз тарки Афғонистон ба Имороти Муттаҳидаи Араб рафтааст, гуфт, ки ӯ дарк мекунад, ки мардуми Афғонистон ӯро барои суқути сареъи кишварашон ба дасти Толибон сарзаниш мекунанд, аммо афзуд, ки далели аслии ин воқеъа эътимоди ӯ ба «шуракои байналмилалӣ», аз ҷумла ИМА будааст.

Пас аз суқути Афғонистон раиси ҷумҳури Амрико артиши Афғонистонро муттаҳам кард, ки бо вуҷуди дарёфти таҷҳизоти пешрафта ба пешравии Толибон муқовимат накарданд.


Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.