расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Чоршанбе Чоршанбиевро дар фурудгоҳи Душанбе боздошт кардаанд

. / Ҷомеа

Чоршанбе Чоршанбиевро дар фурудгоҳи Душанбе боздошт кардаанд

Чоршанбиев шаби гузашта аз Маскав ба Душанбе фиристода шуд

Варзишкори муҳорибаҳои омехта Чоршанбе Чоршанбиев, ки шаби 30 декабр аз Русия ихроҷ шуд, дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шудааст.
Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, варзишкорро дар фурудгоҳ кормандони КДАМ Тоҷикистон дастгир карда бо худ бурдаанд.

Манбаъ аз қавли хешовандони варзишкор менависад, ки феълан Чоршанбе дар бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Ба наздикони Чоршанбиев гуфтаанд, ки бо ӯ «суҳбати профилактикӣ» мегузаронанд ва сипас ӯро раҳо мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки размкори шинохтаи тоҷики ширкати «Fight Nights Global промоушн» Чоршанбе Чоршанбиев барои пойга дар нақби Лефортово рӯзи сеюми декабри соли 2021 боздошт гардида буд.

Роҳбари AMC «Fight Nights» аз қарзи Чоршанбеев гуфт: «Надиҳад, бо дигар забон гап мезанем»

Чоршанбиев 26 сол дошта, дар Хоруғ таваллуд шудааст. Ӯ пас аз хатми мактаб ба варзишҳои навъи киокушинкай, каратэ ва баъд ба муҳорибаи омехта рӯй овард.

Варзишгари ҷавон дар мусобиқаҳои дохиликишварӣ ва ҳам хориҷ аз он ширкат кардааст. Вай аз соли 2016 дар Маскав ба сар мебарад. Чоршанбиев як узви «Fight Nights Global», қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии IFFCF-MMA ва размандаи феълии MMA мебошад. Ӯ миёни мардум бо суханони баҳсбарангези худ маъруф аст.

Номбурда дар муҳорибаҳои омехта чаҳор пирӯзӣ, як мусовӣ ва ду бохт дорад. Бори охир ӯ моҳи сентябри соли гузашта дар мусобиқаи «Fight Nights Global» бар Радомир Филиппови рус пирӯз шуда буд.


Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.