расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » “Ҳукм ноодилона аст”. Наздикони Мадина аз ҳукми додгоҳии Азиза ва Парвиз норозианд.

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

“Ҳукм ноодилона аст”. Наздикони Мадина аз ҳукми додгоҳии Азиза ва Парвиз норозианд.


Вакили дифоъ ва наздикони Мадина Мамадҷонова, зане ки қазияаш дар ҷомеа сару садои зиёде ба бор овард, аз ҳукми додгоҳ нисбати гунаҳкори асосӣ Азиза Давлатова розӣ нестанд ва эҳтимол баъди гирифтани нусхаи ҳукми додгоҳ ба Додгоҳи олӣ аризаи шикоятӣ пешниҳод кунанд.
Онҳо зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, аз ҳукми додгоҳӣ нисбати иштирокчии дигари “парвандаи Мадина” Парвиз (Лутфулло) Давлатов ҳам норозӣ ҳастанд ва мегӯянд баъди пешниҳоди шикояти касатсионӣ аз рӯйи ҳукми Азиза Давлатова, тасмим мегиранд аз болои ҳукми шавҳари ӯ Парвиз (Лутфулло) Давлатов ба Додгоҳи олӣ шикоят баранд ё не.

“Эҳтимол аз болои ҳукм шикоят кунем”

“Мо аз ҳукм ё ҷазои содирнамудаи Додгоҳи олӣ розӣ нестем. Чунки ҷазо нисбати Азиза Давлатова ггунаҳкори асосии қазия ноодилона, беасос ва ғайриқонунӣ мебошад. Мо баъди гирифтани нусхаи ҳукм эҳтимол бо аризаи шикоятӣ ба Додгоҳи олӣ муроҷиат мекунем”,- гуфтанд онҳо.
Наздикон ва вакили дифоъи Мадина Мамадҷонова мепурсанд, чаро баъди фавти ӯ додгоҳ парвандаро дубора ба баррасӣ нагирифта, моддаи “сӯйиқасд ба куштор”-ро ба моддаи “кӯштор” иваз ва баррасӣ накард.
Онҳо мехоҳанд, парванда нисбати Азиза Давлатова бо моддаи “кӯштор” баррасӣ шавад.
Яке аз наздикони Мадина гуфт, Азиза гумонбари асосии латукӯби Мадина танҳо дирӯз, пеш аз эълони ҳукм аз модари Мадина узр пурсид ва падараш ҳам аз ӯ хост, ки наздикони ҷабрдида аз гуноҳи Азиза гузаранд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон гумонбари асосии латукӯби Мадина Мамадҷонова - Азиза Давлатоваро ба 11 сол ва  иштирокчиёни дигари “қазияи Мадина” Парвиз (Лутфулло) Давлатов ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамчунин, бо татбиқи қонуни авфи соли 2021 аз ҳукми Азиза як сол ва аз ҳукми Парвиз 2 солу 6 моҳ кам карда шуд. Акнун яккумӣ 10 сол ва дуввумӣ 5 солу 4 моҳ паси панҷара мемонанд.

Наздикони Азиза Давлатова низ аз ҳукм норозианд?

Назари наздикони Азиза Давлатова ва Парвиз (Лутфулло) Давлатов дар робита ба ҳукмҳои содиршуда то ҳол маълум нест.
Вале як нафари наздик ба парванда гуфт, ки наздикон ва вакили дифои Азиза Давлатова ҳам аз ҳукми додгоҳ норозианд ва эҳтимол меравад, аз болои ҳукм аризаи шикоятӣ пешниҳод кунанд.
Мадина Мамадҷонова, ки гуфта мешавад аз ҷониби Азиза Давлатова моҳи августи соли равон мавриди латукӯби шадид қарор гирифт, баъди беш аз се моҳи беҳушӣ рӯзи 15 декабр дар беморхона даргузашт.

“Қазияи Мадина”

Қазияи Мадина Маҳмадҷонова, ки баъди латукӯб беш аз се моҳ дар кома буда, рӯзи 15 декабр даргузашт, яке аз парвандаҳои пурсарусадо дар як соли охир ба шумор меравад, ки ба он раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳ намуданд.
Мадина Мамадҷонова 25 августи соли равон ғайб зада, баъди 14 соат бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт. Пизишкон гуфтанд, эҳтимол ӯро нафасгир кардаанд ва аз нарасидани ҳаво мағзи сараш осеб дида буд.
Охири моҳи октбяр фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба унвони раиси шаҳри Душанбе, додситони кулл ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиатнома навишта, хостори одилона тафтиш шудани парвандаи Мадина шуданд. Рустами Эмомалӣ «парвандаи Мадина»-ро таҳти назорати шахсӣ гирифта, бо дастури ӯ Додситони кул ва Вазорати умури дохила ба санҷиши дубораи ҳолати кор оғоз карданд.
Рӯзи 1 ноябри соли равон Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дод, ки нисбати Азиза Давлатова ва шавҳараш Лутфулло Давлатов, ки ба латукӯби Мадина Мамаҷонова гумонбар дониста мешаванд, парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Аввалӣ барои қасди одамкушӣ ва дуввумӣ барои азобу уқубат ба ҳабс гирифта шуданд.
Рӯзи 1 декабр Додситони кулли Тоҷикистон дар посухи катбӣ “Азия - Плюс” гуфта буд, ки 18-уми ноябри соли 2021 парвандаи латукӯби Мадина Маҳмадҷонова барои баррасӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.