Ошкор гардидани якчанд кирдори қаллобӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 56-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки соли 2017 дар кӯчаи Ҷ.Расулов марди 36-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, ба ӯ 3-адад автомашинаҳои тамғаҳои гуногунро, ки ба ӯ тааллуқ надоранд, ҳамчун оҳанпора ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 12-уми июли соли 2020, дар кӯчаи Хатлон бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 37 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 245 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 20-уми январи соли 2020, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан бо роҳи фиреб ба боварии марди 65-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 25-сар чорвои майдаи шохдорро ба маблағи 48 ҳазору 750-сомонӣ савдо карда гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷинояти бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.