расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҳалокати се ҷавон дар як занозании хунин дар Панҷакент

Асосӣ / Ҳаводис

Ҳалокати се ҷавон дар як занозании хунин дар Панҷакент


Рӯзи 26 декабр дар ҷараёни як занозании хунин байни ду гурӯҳи ҷавонон дар паҳлӯи мактаби № 15 дар маркази шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон се нафар аз захми корд ба ҳалокат расидаанд.  Ду нафар дар ҷойи ҳодиса ва якеи дигар дар бемористон ҷон додаанд. Ду нафар аз кушташудаҳо акаву додар будаанд. Мақомоти милитсияи Панҷакент мегӯянд, ҳамаи иштирокчиёни  боқимондаи ин занозаниро муайян ва дастгир кардаанд.

Сабаби занозании хунин маълум нест. Гуфта мешавад, ки ду гурӯҳи ҷавонон, асосан донишҷӯён дар назди мактаби № 15 бо ҳамдигар муноқиша кардаанд. «Разбор» байни онҳо ба занозанӣ печидааст ва тарафҳо бо мушту лагат ва предметҳои дигар қаноат накарда, даст ба корд ҳам бурдаанд. Ҳар се нафари кушташуда аз зарби корд ҷон додаанд.

Баъди чунин ранг гирифтани кор, иштирокчиёни боқимондаи занозанӣ, ки гуфта мешавад, ҳудуди 10 нафар будаанд, фирор карда, ба деҳаҳои худ рафтаанд. Вале кормандони милитсия тавонистаанд яке аз онҳоро дастгир карда, тавассути бозҷӯии ӯ шахсияти иштирокчиёни боқимондаро ҳам муайян ва онҳоро аз деҳаҳояшон дастгир карда, боз ба Панҷакент биоранд.

Бино ба маълумоти расман тасдиқношуда, иштирокчиёни занозании хунин аз Фароб, Моғиён, Суғдиён ва Косатарош будаанд. Бино ба маълумоти низ расман тасдиқношуда, нафари сеюме, ки дар бемористон ҷон дод, низ аз Моғиён будааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.