расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Генерал Раҳимзода: Вазъ дар ВМКБ ором аст

Асосӣ / Сиёсат

Генерал Раҳимзода: Вазъ дар ВМКБ ором аст

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти 11-моҳаи мақомоти дохилӣ дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро баргузор намуд

Генерал Раҳимзода дар ҷаласаи мақомоти умури дохилии ВМКБ дар бораи ҳаводиси ахири Хоруғ ибрози назар кардааст.

Ба иттилои ВУД, вазири умури дохилӣ изҳор дошт, ки бо талошу кушишҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъ имрӯз дар вилоят ба эътидол омада, мардум ба кору зиндагӣ машғул ҳастанд.

Ӯ ҳамчунин аз рушди ВМКБ гуфта, таъкид намудааст, ки барои корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ҳамасола корхона ва бинову иншооти гуногун сохта, мавриди истифода қарор мегиранд.

«Аммо, роҳбарон ва аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо содир намудани ҷиноятҳо, аз қабили муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, қочоқи силоҳ ва сангҳои қиматбаҳо вазъияти ҷомеаро дар шаҳри Хоруғ ноором сохта, ба ин амалҳои ҷинояткоронаи худ ноболиғону ҷавононро ҷалб карда истодаанд», — иттилоъ дод ВУД аз қавли Раҳимзода.

Вазири умури дохилӣ ба кормандони милиса дастур додааст, ки барои суботу оромӣ ва осоиштагию амнияти шаҳрвандон вазифа ва уҳдадориҳои худро содиқона ва сарбаладона иҷро намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки 25 ноябр зимни амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа кушта шуд, ки бо ҳамоиши эътирозӣ анҷомид. Мақомот гуфтанд, ӯ муқовимати мусаллаҳона нишон додааст ва захмӣ гардид. Сокинони маҳаллӣ бо овардани ҷасади марҳум ба майдони марказии назди ҳукумати ВМКБ талаби таҳқиқи мунсифонаи қазияро карданд.

Дар маҷмуъ дар ҳаводиси ахир дар Роштқалъа ва Хоруғ се нафар аз сокинони маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд. Мақомоти Тоҷикистон аз захмӣ шудани 12 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд.

Барои таҳқиқи мунсифонаи қазия гуруҳи махсус бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил гардидааст.


Сарчашма:Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.