расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » "Толибон"-ро дар ғасби заминҳои узбектаборону туркмантаборон айбдор мекунанд

Сиёсат / Ҷаҳон

"Толибон"-ро дар ғасби заминҳои узбектаборону туркмантаборон айбдор мекунанд

Ҷангҷӯёни ҳаракати «Толибон"-ро дар иҷборан кӯчонидани бештар аз 1000 сокини шимоли Афғонистон айбдор мекунанд.

Узбектаборон ва туркмантаборон дар шимоли Афғонистон мегӯянд, паштунҳо манзил ва заминҳои онҳоро дар ноҳияи Ҷузҷон, бо кӯмаки толибон, ғасб кардаанд.

Кӯчонидани сокинон баъди он шуруъ шуд, ки ҷангҷӯёни «Толибон» садҳо ҳазораи шиамазҳабо аз манзилҳояшон ронданд. Ин воқеа ба маҳзи сари қудрат омадани Толибон дар моҳи августи соли 2021 сурат гирифта буд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, иҷборан кӯчонидани сокинон аз сӯи Толибон — ин талоши тақсими замин ба ҷонибдорони худашон ва муҷозоти дастаҷамъии сокинонест, ки ҳукумати пешинро ҷонибдорӣ мекарданд.

Як сокини ноҳияи Ҷузҷон, бо номи Абдулло, гуфт, рӯзи 27 ноябр ҷангҷӯёни «Толибон» бештар аз 1000 узбектабор ва туркмантаборро аз манзилҳояшон кӯчониданд.

Рӯзи 29 ноябр Билол Каримӣ, намояндаи «Толибон» дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки дар Ҷузҷон касеро иҷборан аз манзилҳояшон накӯчонидаанд.

Сарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.