расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ХУДО ХАЙРАТ ДИҲАД! ЯК СОҲИБКОР ДАР ҲАМАДОНӢ БАРОИ ХИДМАТ ДАР МАРОСИМИ ДАФН ДУ МОШИН ХАРИДААСТ

Ҷомеа / Иқтисодиёт

ХУДО ХАЙРАТ ДИҲАД! ЯК СОҲИБКОР ДАР ҲАМАДОНӢ БАРОИ ХИДМАТ ДАР МАРОСИМИ ДАФН ДУ МОШИН ХАРИДААСТ

Журналист Ибодулло Оқилов дар саҳифааш дар Фейсбук акси микроавтобусеро нашр кардааст, ки як соҳибкор аз ноҳияи Ҳамадонӣ барои хидмати ройгон дар маросими дафн дар ихтиёри мардуми ин ноҳия қарор додааст. “Ройгон хизматрасонии маросими дафн. Тел: 001 01 33 82” – навишта шудааст дар ин микроавтобуси тамғаи “Мерседес”.  Бино ба иттилои Ибодулло Оқилов,  ду микроавтобуси ин соҳибкори ҷавонмард дар рӯзҳои маросими дафн ба таври ройгон ба мардуми ноҳияи Ҳамадонӣ хидмат мекунанд.
 “Аҳсану офарин!
Санаи 02.12.2021 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ шоҳиди кори хайре шудем. Ҷавонмарди хайрхоҳе ду адад мошини микроавтобуси “Мерседес Бенс”-ро аз ҳисоби даромадҳои иловагии соҳибкориаш харида, барои иҷрои корҳои маросими дафн дар ноҳия ба таври ройгон пешкаши сокинон гардондааст, ки дар вақти зарурӣ дар маъракаҳои азодорӣ хизматрасонӣ мекунад.
Аҳсану офаринаш бод! – навиштааст Ибодулло Оқилов
Исми ин ҷавонмарди дастбахайр гуфта нашудааст. Ворис Хайдаров, як корбари Фейсбук  ӯро бо эҳтиром “Ҳоҷӣ” ном бурда, навиштааст: Худованд  ба Ҳоҷӣ баракати ду дунёро насиб бигардонад. Шахсан худам дидам, бо ронандаҳо ҳамсуҳбат шудем ба наздикӣ дар як маросим дар ноҳияи Ҳамадонӣ. Гуфтанд, ҳамаи хизматрасонӣ ройгон. Як “Мерседес Спринтер”и дигар ба беморхонаи марказии ноҳия ба шуъбаи “Ёрии таъҷилӣ” ба таври ройгон ҳадя кардааст.Аллоҳ нигаҳбонатон бошад!”
Sukhrat Parmonov низ бо ситоиш аз ин амали хайри соҳибкор аз ноҳияи Ҳамадонӣ хабар дод, ки дар ноҳияи Шаҳритӯс низ чунин мошин барои хидмат дар маросими азои мардум ташкил кардаанд.
Ин хабари амали хайри ҷавонмарди соҳибкор аз ноҳияи Ҳамадониро даҳҳо нафар писандидаанд ва онро дар саҳифаҳои дигар бознашр кардаанд. Ва даҳҳо нафар дар майдони шарҳи зери ин хабар ба амали хайри ӯ аҳсану офарин хонда ва ба падару модаре, чунки фарзанди баоруномус тарбия кардаанд, ташаккур гуфтаанд.
“Худованд давлаташро зиёда гардонад!”, “Хокро гирад, зар гардад!”, “як ҷаҳон ташаккур ба ба падару модаре ки чунин фарзанди баору номус барои кори хайр тарбия кардааст!”, “Ана инро мусалмониву инсонгарӣ ва хидмат мегӯянд. Худованд хайрат диҳад!”, “Аҷаб иқдоме! Кош дар дигар шахру нохияхо низ чунин шахсон пайдо шавад” ва “Аллоҳ сафи чунин ҷавонмардони тоҷикро зиёд гардонад!” – чунин аст мазмуни ҳама шарҳҳое, ки мардум дар зери ин хабар навиштаанд.
Дар ҳақиқат, Худованд хайраш бидиҳад ва саффи чунин ҷавонмардонро дар Тоҷикистон биафзояд!

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.