расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » “Гаппартои”-и милисаҳо ба духтарони ноболиғ дар Панҷакент (навор)

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

“Гаппартои”-и милисаҳо ба духтарони ноболиғ дар Панҷакент (навор)

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки аз “гаппартои”-и милисаҳо ба духтарони ноболиғ ҳикоя мекунад.
Дар навор дида мешавад, ки наворбардор мехоҳад чеҳраи корманди милисаро сабт кунад, аммо ӯ паси дарахт пинҳон мешавад. 
Наворбардор, ки бино бар садояш зан аст, мегӯяд “ин милисаи Панҷакенти мо. Инҳо ба духтарон гап мепартоянд, бахусус ба духтарони ноболиғ”. 
Ӯ аз бинандагон ҳам хоҳиш мекунад ҳар гоҳ ба чунин ҳодисае вохӯрданд, наворбардорӣ кунанд. 
Дар навор ду корманди Вазорати корҳои дохила дида мешаванд, вале дуввумӣ пинҳон намешавад. 
Гуфтанист, тазоҳуроти Хоруғ, ки дар натиҷаи он се нафар кушта ва беш аз даҳ нафар маҷрӯҳ шуданд, бинобар ҳамин гуна беодобии корманди додситонӣ воқеъ шуд. То ҳол он корманд ҷазо нагирифта, додситонӣ низ мавқеъашро нисбати сӯистифодаи кормандаш аз мансаби давлатӣ баён накардааст.
Қаблан ВКД нафарони зиёде бо шавоҳиди видеоӣ дастгир кардааст, аммо ба наворе, ки сӯистифодаи кормандаш аз мансабро собит мекунад чӣ бархӯрде хоҳад кард, вақт нишон медиҳад.
ВКД одатан новобаста аз гунаҳгор будан ё набудан, аз кормандонаш дифоъ мекунад ва дар аксари ҳолатҳо аз ҷабрдида гунаҳкор метарошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.