расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Бозори “Султони Кабир” ва “Осиё”- ро тахриб мекунанд

Асосӣ / Ҷомеа

Бозори “Султони Кабир” ва “Осиё”- ро тахриб мекунанд


Аз марти соли нав фаъолияти чанд бозори калонтарини шаҳри Душанбе, аз қабили бозорҳои маъруфи «Султони Кабир» ва «Осиё» боздошта шуда бинои онҳо тахриб мешаванд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилооти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» хабар доданд.
Қарори дахлдор имрӯз 24-уми ноябри соли 2021 ба имзо расида то 1-уми март ин бозорҳо бояд холӣ карда шаванд.

»Мувофиқи қарор фаъолияти бозор, нуқтаҳои фурӯш ва хизматрасонии ҶДММ «Султони Кабир», «Файзи Саид"-"Осиё» ва гирду атрофи он дар ноҳияи Фирдавсӣ, ҳамчунин маркази савдои «Мадад» воқеъ дар кӯчаи А. Ҷомии ноҳияи Сино аз 1 марти соли 2022 боз дошташуда, минбаъд бо тартиби муқарраргардида фаъолияти соҳибкорон дар дигар маҳал ҷойгир карда мешаванд», — гуфтанд дар шаҳрдории Душанбе.

Дар ин бозорҳо бештар масолеҳи сохтмонӣ, ашёи рӯзгор, мебел ва қисмҳои эҳтиётии мошинҳо фурӯхта мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, ба ҷойи онҳо шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ бо минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум сохта мешаванд.

»Ин иқдом бо мақсади ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир мувофиқ намудани кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Абайи ноҳияи Фирдавсӣ ва Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, таъмини ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт дар ин роҳҳо ва танзими давлатии савдо рӯйи даст гирифта шудааст», — афзуд манбаъ.

Шаҳрдорӣ таъкид мекунад, ки сохтмони шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ ҳанӯз дар нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз соли 1983 таҳия ва тасдиқ шуда буд ва ҳадаф таъмини шароити мусоид ба сокинони пойтахт аст.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли 2020 бо қарори шаҳрдорӣ бозори махсуси масолеҳи сохтмони «Ҷал-Ҷам» дар шаҳри Душанбе тахриб шуда буд. Дар ҷойи бозор сохтмони хонаҳои истиқоматии баландошёна ва меҳмонхона оғоз шудааст. Соҳибкорон ва тоҷирони бозор ба қаламрави маҷмааи нави савдои «Кӯшониён», ки дар мавзеи наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 сохта шудааст, кӯчонида шуданд. Эҳтимол меравад соҳибкорони бозорҳои Султони Кабир» ва «Файзи Саид"-"Осиё» низ ба маҷмааи савдои «Кӯшониён» кӯчонида шаванд.

Сарчашма: asiaplustj.info

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.